«Мавъизаи оташин»!
Марде ҳамаруза ба намози
ҷамоъат мерафту як муддат аз
намози
ҷамоъат дур монд. Якчанд руз
пас эмоми мас ҷид хост то уро
хабаргири равад ва сабаби аз
ҷамоъат дур шуданашро
фаҳмад. Рузи хунуки
зимистони буд.
Эмом он мардро дар хонааш
танҳо дарёфт дар ҳоле ки дар
ру ба руи камини оташин
истироҳат мекард. Он мард
чун эмомро дид ҳайрон шуд
ва ба худ фикр мекард ки «ин
эмом чаро омада бошад»!
Онҳо якдигарро «салому алек»
карданду ба хона даромаданд
ва назди камин нишастанд. …..
Хомуши……
Эмом нишаста буду чизе
намегуфт. У дар ҳоле ки хомуш
буд ба сухтану аланга
гирифтани оташи дохили
камин назорат мекард. Лаҳзае
гузашту эмом
оташгиракро гирифт ва аз
дохили камин як пораи оташи
сузону равшанеро гирифт ва
аз он камин каме дуртар як
тараф гузошт. Сипас у боз
худро ба курсияш ба пушт
партофт, аммо чизе намегуфт.
Соҳибхона ҳам ба ин ҳолат
хомушона назорат мекард. Он
пораи оташе ки лаҳзае пеш
аланга мезад ва аз он нур
меборид дар танҳои оҳиста
оҳиста хомуш мешуд. Дере
нагузашта он пораи оташ
пурра хомуш гашт ва дигар на
равшани ва на гарми аз он
намебаромад. Ин ҳама ҳолат
дар муҳити пурра хомуши
мегузашт.
Эмом ба соат нигаристу дарк
кард ки ва қти рафтан
шудааст. У оҳиста аз
ҷой бархост ва он пораи
хомушгаштаро дубора
бардошту дохили камин
миёни дигар пораҳои оташ
гузошт. Дубора ин пора аз он
оташу гармие ки дохили
камин буд
қувват гирифту ба аланга
даромад ва монанди дигар
пораҳо гармию рушнои
медод.
Чун эмом ба суи дар равон
шуду мехост хайрухуш намояд,
соҳибхона бо чашмоне ки пур
аз ашк буданд ба у муро ҷиат
намуд:
- Аз шумо миннатдорам барои
ин хабаргириатон ва зиёдтар
барои ин «мавъизаи оташин»-
и кардаатон! Ман аз фардо
намози бомдод сар карда
албатта ба мас ҷид хоҳам рафт
ба намози ҷамоъат, ин шо
Аллоҳ.
Ъамалҳо ва рафтори некуе ки
мо бояд дошта бошем аз
суханҳои гуфтаамон баландтар
садо медиҳанд. Мо дар як
замоне зиндаги дорем ки ба
гуфтаҳо кам аҳамийят
медиҳанд. Баъзан моро беҳтар
аст хомушона бо ъамалҳои
неку ва тоъату ъибодати
«холисона» бародарону
хоҳарони эмонии худро
«даъват ба ъамалҳои маъруф»
ва «наҳй аз ъамалҳои мункар»
намоем!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев