Фарзанд мояи рӯшноии чашм: Баъзе аз фарзандон ва хамсарон боли инсон хастанд ва мояи рӯшноии чашм, чуноне, ки Худованди бузургмартаба мефармояд: «Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз хамсарону фарзандонамон дилхои моро шод дор ва моро пешвои пархезгорон гардон!».
(Сураи Фуркон, ояти 74)
Худованд дар ояти дигаре мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, харойна, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо хастанд. Аз онхо хазар кунед. Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гунохашонро пӯшида доред, харойна, Худо омурзандаву мехрубон аст»!
(Сураи Тағобун, ояти 14)
Фарзандонро дар панохи Худованд карор додан: Маълум аст, ки фарзанди хар инсоне дар маърази хатар ва васвасаи шайтон карор дорад. Аз ин рӯ барои падару модар лозим аст, ки фарзанди хешро дар панохи Худованд карор диханд, чуноне, киХ удованд мефармояд: «Чун фарзанди хеш бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст ва писар чун духтар нест. Ӯро Марям ном ниходам, ӯ ва фарзандонашро аз шайтони рачим дар панохи Ту меоварам».
(Сураи Оли Имрон, ояти 36)
Он амали хайре, ки инсон метавонад аз он бахрманд гардад тарбтяти фарзанди солех аст аз ин рӯ мефармояд: хамсарони шумо махали… шумо хастанд ва хадаф аз танхо лаззати чинсӣ набошад, балки бо тарбияти фарзанд шоистаи асари некӣ барои худ аз пеш бифиристед.
Дуо барои фарзанд: Дар куръони карим беш аз бист навъ дуо аз хазрати Иброхим (а) накл шудааст аз чумла: Дуо барои фарзандаш дар се бахш эътикодӣ, амалӣ ва ахлокӣ баён гардидааст:
Эътикодӣ: Худованд мефармояд: «Ва Иброхим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор»
(Сураи Иброхим, ояти 35)
Ва дар ояти дигаре мефармояд: «Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онхо мабъус гардон, то оёти туро бар онхо бихонад ва ба онхо китобу (куръон ва дигар китобхои осмонӣ) хикмат (маърифати дин) биёмӯзонад ва онхоро покиза созад ва ту пирӯзманду хаким хастӣ»!
(Сураи Бакара, ояти 129)
«Ва Парвардигори Иброхим ӯро ба калимоте чанд биёзмуд ва Иброхим он калимотро ба тамомӣ ба анчом расонид. Худо гуфт: Ман туро пешвои мардум гардонидам. Гуфт: Фарзандонамро хам? Гуфт: Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».
(Сураи Бакара, ояти 124)
Амалӣ: Худованд мефармояд: «Эй парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барподорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуои маро бипазир».
(Сураи Иброхим, ояти 40)
Ахлокӣ: Худованд мефармояд: «Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва маносикамонро ба мо биёмӯз ва тавбаи мо бипазир, ки Ту бисёр тавбапазиранда ва мехрубон хастӣ»!
(Сураи Бакара, ояти 128)
куръони карим ба волидайн фармон медихад: «Бигӯ: Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо харом кардааст, бароятон бихонам. Ин, ки ба Худо чизеро ширк маёваред! Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими факирӣ фарзандони худро макӯшед! Мо ба шумо ва онхо рӯзӣ медихем. Ва ба корхои зишт чӣ пинхону чӣ ошкоро наздик машавед! Ва касеро, ки Худо куштанашро харом кардааст, магар ба хак, макӯшед! Инхост, он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба акл дарёбед»!
(Сураи Анъом, ояти 151)
Фарзанди солех захираи киёмат: Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Ва хар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чӣ фиристодааст. Аз Худо битарсед, ки харойна, Худо ба корхое, ки мекунед, огох аст!».
(Сураи хашр, ояти 18)
«харойна, Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва хар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва хар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва хар чизро дар китоби мубин шумор кардаем».
(Сураи Ёсин, ояти 12)
«Рӯзе, ки хар кас корхои нек ва корхои бади худро дар баробари худ хозир бинад, орзӯ кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш фосилае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш (яъне, аз икобаш) метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш мехрубон аст!»
(Сураи Оли Имрон, ояти 30)
«Намоз бигзоред ва закот дихед! хар некиро, ки пешо пеш барои худ равона медоред, назди Худояш хохед ёфт. харойна Худо ба корхое, ки мекунед, биност».
(Сураи Бакара, ояти 110)
«Занонатон киштзори шумо хастанд. хар чо, ки хохед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки назди Ӯ хохед рафт. Ва муъминонро мужда дех»!
(Сураи Бакара, ояти 223)
Ичозаи фарзанд аз волидайн: Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва онхо, ки ханӯз ба балоғат нарасидаанд, дар се хангом аз шумо барои ворид шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субх ва хангоми зухр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вакт, вакти хилвати шумост. Дар ғайри он се хангом шумо ва онхо гунохе накардаед, агар бар якдигар бигзаред. Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Худо доновухаким аст!
Ва чун кӯдакони шумо ба синни балоғат расиданд (дар хамаи вактхо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он чо истирохат мекунанд ва ё манзили махсусе, ки дар он чо зиндагонӣ мекунанд), бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт, рухсат талабанд. Худо оётро инчунин (равшан ва сода ахкоми шариъати Худро) барои шумо баён мекунад (то музайян ба одоб ва ахлоки исломӣ шавед). Ва Худо донову хаким аст (дар конунгузорӣ барои бандагонаш)»!
(Сураи Нур, оёти 58-59)
Тахияи Марями Шариф
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1