Предыдущая публикация
Аз фироқи ёр мурдам, лаҳзаи дидор нест.
То ба кай сӯзам дар ин оташ, надорам ҳолате,
Ғунчаи дилро дар ин бозор нархи хор нест.
Гар ба расвоӣ гирифторам, итобам мекунад,
Дар раҳи ишқ ҷон супоранд, ошиқонро ор нест.
То ба кай ҳиҷрон намояд бесару сомон маро,
Дур аз аҳли вафоям, суҳбати ағёр нест.
Хонаи вайрони дилро қудратӣ таъмир ку,
Ончунон қалбе куҷо, ки дар ғаму озор нест.
Мезанам худро миёни андалебон субҳдам,
Андалебонро мисоли ман дили афгор нест.
Аз кӣ мепурсӣ, Манижа, хотири осудагӣ,
Ҳар касе монанди ту бо ёди он дилдор нест.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев