Предыдущая публикация
(Ба муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат)
Ба ту, эй Анзурат, унвон муборак!
Сарфарозӣ бари ёрон муборак!
Биёяд хуррамӣ бо амри қисмат,
Бароят ҳадя аз Раҳмон муборак!
***
Муборак сарфарозӣ, Анзуратхон!
Ту донову банозӣ, Анзуратхон!
Забони модарият софу дилкаш,
Дақиқӣ дар риёзӣ, Анзуратхон!
Гирифтӣ ҷойиза, бодо муборак!
Ба заҳмат, на ба бозӣ Анзуратхон!
Ҳамеша гурдаи мардона дорӣ,
Заниву корсозӣ, Анзуратхон!
Худойи меҳрубони поки Акбар,
Бибошад аз ту розӣ, Анзуратхон!
Зи Мафтун ҳадя як шеъри таре гашт,
Зи дил, чун дилнавозӣ, Анзуратхон!
25-08-2022
23:55
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев