(Ғазали дархостӣ)
Рафт давроне, ки бо ман кардӣ ғамхорӣ, падар,
Дарс мегуфтӣ ба моён аз накӯкорӣ, падар.
Беҳтарин устод будӣ баҳри мо дар зиндагӣ,
Ғайри ҳикмат лаб набикшодӣ ба гуфторе, падар.
Зиндагӣ гарчи туро бар кӯйи маъюбӣ нишонд,
Азми ту бар ҷой буд дар вақти беморӣ, падар.
Дарси ту мушкилкушо будаст, ман ҳамроҳи ту
Дар ҳаёти худ надидам роҳи душворе, падар.
Ҳам зи рафтору зи гуфтори ту ман омӯхтам,
Некбинӣ, некхоҳӣ, некрафторӣ, падар.
Бо дуоят қуллаҳои бахтро тай кардаам,
Ман надидам дар ҳаёти худ зи ту хорӣ, падар.
Дар миёни дӯстону дар миёни душманон,
Орзу дорам, ки бошам номбардоре, падар.
Дӯстон, қадри падар донед, андар зиндагӣ,
Баҳри мо дидаст дарду ранҷи бисёре, падар.
Такягоҳу некхоҳӣ баҳри фарзандони хеш,
Ҳеҷ гаҳ фарзанди худ танҳо набигзорӣ, падар.
Ҳадяи ночиз дорад, Мафтуни худро бубахш,
Пешкаш меорамат ман байту ашъоре, падар.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3