Предыдущая публикация
Ёди ёдҳо карда ман андар ҳузури хештан,
Бе ҳузурат гаштаам чун булбуле дур аз чаман.
Бовафотар ёди туст, к-имшаб канорам омада,
Мову ёдат ду тане ҳастем имшаб тан ба тан.
Дар бари танҳоиям ёди ту ҳамраҳ омада,
Ман кунун бо ёди ту гардида мисли анҷуман.
Гар ҳаме буд ёдҳоят мисли ту, ёри азиз,
Бо алам шаб то саҳар моён намекардем сухан.
Ёдҳоятро китобат карда Мафтуни қалам,
Ҳамчу туморе бигирад дар дилу андар бадан.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Мову ёдат ду тане ҳастем имшаб тан ба тан