Предыдущая публикация
Вақтҳое, к-аз ғамат ранҷур будам ҳам гузашт,
Лаҳзаҳое аз канорат дур будам ҳам гузашт.
Ҳаст дар ёдам ҳамон лабханди хуршедии ту,
Соате, к-аз диданат масрур будам ҳам гузашт.
Бо тамошои ту, эй ороми ҷисму ҷони ман,
Аз тамошои чаман манфур будам ҳам гузашт.
Бо ту худро ҳамрадифи ахтарон донистаам,
Дар канорат буданам мағрур будам ҳам гузашт.
Бо хаёли рӯзҳои рафта ман вайронаам,
З-омаданҳои ту ман маъмур будам ҳам гузашт.
Бо ҳазорон дард, эй дурдонаи якдонаам,
Хайрбодат гуфтаму маҷбур будам ҳам гузашт.
Мафтуне буам ба гирдат ошиқу парвонае,
Дар самои ёди ту камнур будам ҳам гузашт.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Оҷизам дар роҳи пур аз печутоби зиндагӣ,
Сози ноҷӯрам ту бишнав аз рубоби зиндагӣ.
Дар пайи мақсуд баҳри ҳосил аз майдони умр,
Хештанро мезанам дар инқилоби зиндагӣ.
Навҷавонӣ рафт бо сад қуввату зебоияш,
Мерасад пирӣ ба сад дарду азоби зиндагӣ.
Дар дили ман майсаҳои дарду ғам рӯида аст,
Рафт аз дастам саманди бошитоби зиндагӣ.
Доғ дар қалбу саропо ҷони пурҳасрат шудам,
Лаззату роҳат надидам аз шароби зиндагӣ.
Сӯхт мағзу устухонам рафт аз ҷонам мадор,
Умр бигзашту надидонистам ҳисоби зиндагӣ.
Эй Худо, раҳме намо бар ҳоли зорам баъд аз ин,
Чашмае бикшо бароям дар сароби зиндагӣ.
Зарби теғи рӯзгор омад ба Мафтун ин замон,
Шарҳи ҳолашро бихонӣ аз китоби зиндагӣ.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН