Падар ҳар рӯз ба хона маст меомад.Ҳамсараш – модари бачаҳоро дашномҳои гӯшношунид мекард.Ҳарчанд дили Далер ба модараш месӯхт,аммо ёрӣ расонда наметавонист.Хоҳару додараш бошанд,бо шеваи худ падарашонро накуҳиш карда,як навъ норозигии худро изҳор медоштанд.Ҳатто ҳафтаҳо бо падар ногапӣ шуда,худро аз ӯ канор мегирифтанд.Вале Далер чун ҳарвақта,гӯё ҳодисае рух надода бошад,хидмати падарашро ба ҷо меовард,ба хона дарояд аз ҷо мехесту салом медод,ба дасташ об мерехт,гапашро ба замин намегузошт.
Дар яке аз чунин рӯзҳо мард ширамаст ба хона омад ва пурсид:
- Медонам,ки аз мастии ману ранҷҳои мерасондаам огоҳӣ,дилат дард мекунад.Аммо чаро ҳамоно меҳрубону дилсӯзӣ,мисли хоҳарчаву додарат аз ман дурӣ намеҷӯӣ?
Писарак чунин посух дод:
- Ҳамсинфи ман Шаҳзод падар надорад.Вақте баъзе бачаҳо «сағира»-аш мегӯянд бо алам гиря мекунад.Азоби бепадариро аз ӯ шунида,дилам ба ӯ бештар месӯхтагӣ шуд.Аз ин сабаб падарҷон,маст ҳам шавӣ,ҷангу ҷанҷол ҳам барпо кунӣ,дили моро озор ҳам диҳӣ,намур!
Дашном бидеҳу дар сари мо бимон…
Баъди ин суханони Далер,ки тоза ба 13 қадам мондааст,,дили мард сахт такон хӯрд.Гӯё тарсакие хӯрда бошад, дар як лаҳза ҳушёр шуд.Саршори аламу хорӣ шудани дилашро ба касе нафаҳмонда,ашки ногаҳониро зуд аз чашмаш тоза кард.Дар назди худ қавл дод,ки дигар наменӯшад.Ва ҳамин тавр ҳам кард.
Бо Эхтиром Амир В Законе
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев