Духтаре саҳар аз хоб мехезаду мебинад, ки модараш либоси туёна ба бар кардаасту дастархони туёна тайёр дорад духтар мепурсад: -Модар ба куҷо меравед? Модар мегӯяд: -Холаат тӯй дорад як моҳ пеш моро хабар карда буд ягона писарашро хонадор карда истодааст. Духтар бо ғазаб: -Чи?! Ман ба шумо нагуфта будам ки ин рӯз ман дар донишгоҳ баромад дорам? - Охир духтарам ман агар наравам холаат аз мо рӯй мегардонад. Духтар "наравед бинед" гуфта аз хона мебарояд. Дар донишгоҳ ҷамъомад сар мешавад. Навбати баромади духтар мерасад ва духтар ба саҳна баромада баромад мекунад ҳама қарсак мезананд. Духтар аз байни одамон модарашро намебинад. Баъд сухани охирро ба духтар медиҳанд. Ӯ мегӯяд: - Ман нафрат дорам ба он одаме, ки ким кадом тӯйро аз баромади духтараш боло донад. Баъди ин вай ба хона меояд ки модараш нест. "Э ба ҳамон тӯй рафта рақс дорад да" мегӯяду хӯроки тайёр кардагии модарашро хӯрда мешинад ки телефон занг мезанад: -Алло гӯш дорам. Аз он тарафи телефон: Алло ман холаат барои чӣ модарат наомад? Духтар дар ҳаяҷон монда буд ки ба телефони хона занг заданд духтар дид ки рақами модараш аст гуфт: Э хола ана занг зад парво накунед. Аз телефони хона: - Алло духтарам ман дар беморхона ташвиш накаш ман хубам каме дар вақти ба донишгоҳи ту рафтан саросема шуда дорӯямро фаромӯш кардам. Гуфту телефон хомӯш шуд. Духтар зуд ба беморхона рафту аҳволи модарашро аз духтур пурсид. Духтур гуфт: -Афсӯс модаратон аз дунё рафт лекин инро ба шумо расонам гуфт духтур ва қоғазеро ба духтар дод. Духтар гирякунон қоғазро кушод ки чунин навишта буд: Духтарам бубахш ки каме дер кардам ва маро аз ҳама ақиб ҷой доданд, Лекин хуб баромад кардӣ аҳсан ба ту. Духтар қоғаз дар дасташ меларзид вале дер шуда буд...
Бо эхтиром Амир В Законе
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев