ПОСУХИ ВАЗОРАТ БА ГУЗОРИШИ “АХБОР” ДАР БОРАИ БЕМОРИИ СОКИНОНИ ХУШЕКАТ
25/11/2017

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба сомонаи "Ахбор” гуфт, дар деҳаи Хушекати ноҳияи айнӣ ҳамагӣ 13 нафар бо гумони гирифторӣ ба бемориҳои сирояти шадиди рӯда сабт шудааст. Сокинони ин деҳа қаблан ба "Ахбор” хабар доданд, ки ҳудуди 100 нафар аз аҳли Хушекат ба иллати истеъмоли оби ифлоси ҷӯй гирифтори дарунрав шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар як номаи расмӣ ба гузориши сомонаи "Ахбор” дар бораи ба бемории дарунрав гирифтор шудани даҳҳо сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ посух дод.
Дар ин нома, ки бо имзои муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода ба дасти идораи сомонаи "Ахбор” расид, аз ҷумла гуфта мешавад:
"Ба сомонаи "Ахбор”
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маводе ки 07 ноябри соли 2017 зери сарлавҳаи "Беш аз 100 нафар дар Хушекат гирифтори дарунрав шудаанд”, ки дар сомонаи иттилооти "Ахбор” ба табъ расидааст, чунин иттилоъ медиҳад:
Раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии то куҷо дақиқ будани маводи мазкур ба муассиса ва идораҳои дахлдор супориши қатъӣ дод, то инки гурӯҳи корӣ таъсис дода, вазъият омӯхта шавад.
Муайян гардид, ки дар деҳаи Хушекати ноҳияи айнӣ ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолии деҳа, фахолияти як адад бунгоҳи тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Аз оғози моҳи октябри соли ҷорӣ то ба имрӯз ба бунгоҳи тиббии деҳа ҳамагӣ 31 нафар сокинон бо ташхисҳои гуногун муроҷиат намудаанд. Дар дафтари қайди бемориҳои сироятии бунгоҳи тиббии деҳа аз аввали сол 4 ҳодиса сирояти рӯда ва 2 ҳодиса сирояти шадиди роҳи нафас ба қайд гириффта шудааст. Тавассути нуқтаи обиштагардонӣ аз санаи 2 то 3 ноябри соли равон 4 нафар кӯдакон ба табобати нақшавии шакли сабуки дарунравӣ ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шудаанд.
Аййни ҳол дар ҳудуди деҳа бо мақсади дарёфти сироят чорабинии аёдати хона ба хона аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон аз манбаъҳои оби ошомиданӣ намуна ҷиҳати гузаронидани таҳлилҳои бактериологӣ гирифта шудааст. Аз рӯи таҳлилҳои гузаронишуда дар ҳудуди деҳа ҳамагӣ 13 нафар бо гумонбар ба бемориҳои сирояти шадиди рӯда ба қайд гирифта шуда, беморон ба таври амбулаторӣ муолиҷа гирифтаанд. Новобаста ба ин ҳолат корҳо дар самти дарёфти сироят идома дорад.
Муовини вазир М. Камолзода”
100 НАФАР ДАР ХУШЕКАТ ГИРИФТОРИ ДАРУНРАВ ШУДААНД
Сокинони Хушекат рӯзи 5 ноябр ба сомонаи "Ахбор” хабар дода буданд, ки чанд рӯз боз дар ин деҳаи ноҳияи Айнӣ бемории сироятии дарунрав хуруҷ кардааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони "Ахбор”, ин бемории сироятӣ дар байни ҳамагӣ ду рӯз беш аз 100 нафарро аз пой афтонд.
Гуфта мешу, беморон аксаран дар шароити хона таҳти табобат қарор дошта, ба онҳо асосан духтурони маҳаллӣ муроқибат мекунанд. Табибон оби ифлоси ҷӯйи Хушекатро, ки мардум аз он ҳамчун оби ошомиданӣ истифода мебаранд, манбаи эҳтимолии ин бемории сироятӣ мешуморанд. Табибон ва сокинон мегӯянд, ки оби ин ҷӯй ҷавобгӯи талаботи санитарӣ нест.
Як сокини Хушекат ба "Ахбор” гуфт, бемории дарунрав хеле сахт мегузарад ва онҳое, ки ба ин беморӣ гирифта шудаанд, ҳам аз болову ҳам аз поён қай мекунанд.
Соли гузашта дар Хушекат бемории домана буруз карда буд. Он вақт низ манбаи сирояти домана оби ифлоси ҷӯйи ин деҳа гуфта мешуд.
Деҳаи Хушекат дар 4-километрии маркази ноҳияи Айнӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар доманаи қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир шудааст. Дарёи Зарафшон низ аз паҳлуи Хушекат мегузарад. https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=712663172264816&id=100005634182107
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев