Рӯзе омӯзгори ҷавоне дар гузаргоҳе устоди даврони мактаббачагиашро диду шинохт. Ба наздаш рафту аз ӯ пурсид:
- Маро дар ёд доред?
- Бале дар ёд дорам. Ба чӣ кор машғул ҳастӣ?
- Ман омӯзгор ҳастам. Шумо сабаб шудед, ки дар ман завқи омӯзгор шудан пайдо шуд.
- Наход? Бигӯ канӣ чӣ гуна ман сабаб шудам?
Як рӯзе як ҳамсинфам ба дарс омад ва дар дасташ соати зебое дошт. Ӯ соаташро аз дашташ бароварду дар таги миз (парта) гузошт. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки чунин соати зебо дошта бошам. Тоқатам тоқ шуду соати ӯро гирифтаму дар ҷайбам гузоштам. Вақте ҳамсинфам соаташро наёфт ба назди Шумо гирякунон рафту гуфт, касе соаташро дуздидаст.
Шумо ба сӯи мо нигоҳ карда гуфтед: "Ҳар касе соати ин бачаро гирифтааст, хоҳиш мекунам онро баргардонад".
Ман худро нороҳат ҳис кардам, аммо намехостам соат аз дастам равад, аз ин рӯ қоил нашудам.
Шумо бошед дарро маҳкам кардеду аз мо хоҳиш кардед, ки аз ҷоятон хезед, ман бояд ҷайби Шуморо кобам. Гуфтед ҳамаатон чашмонатонро пӯшед, мо чашмонамонро пӯшидем.
Шумо ба сӯи мо омадед, ҳар яки моро ҷайбамонро кофтед. Вақте соатро аз ҷайби ман ёфтед, ҳаракатро давом додем ва ҷайби дигаронро ҳам кофтед.
Баъдан гуфтед, акнун метавонед чашмонатонро кушоед. Соатро ба соҳибаш баргардонидеду дигар дар бораи ин моҷаро чизе ҳам нагуфтед. Дар он рӯз Шумо маро назди ҳамсинфонам шарманда накардед. Маро дузд, дурӯғгӯй ва кӯдаки бетарбия нагуфтед.
Ин амали хуби Шумо боис шуду ман ҳам касби омӯзгориро интихоб кардам.
Ҳарду лаҳзае хомӯш монданд.
Баъдан ҷавон аз устодаш пурсид:
- Вақте Шумо маро дидед ин моҷаро ба ёдатон наомад?
Устод ҷавоб дод:
- Ман вақте ҷайбҳои Шуморо мекофтам, чашмони ман ҳам пӯшида буданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1