ҶИНСИ ЛАТИФ
МЕНОМАНД?
Занро барои чӣ ҷинси латиф
меноманд? - Барои он, ки онҳо
одоби хоси гуфтугӯ, шину
хез,шарму хаё, хӯрдан ва
муошират доранд.
Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад,
ки Расули Худо(с) фармудаанд:
«Шарму ҳаё зебогист. Тарси
Худо олиҳимматист. Беҳтарин
чизе, ки инсон савори он
мешавад, сабр аст. Аз Худо
умеди кушоиш доштан ибодат
аст».
Ба ман бештар занони
меҳрубон,фурутан, чашмсер,
бомаслиҳат , хоксор ва
дилкушод писанданд.
Бадбахтона дар ҷомеаи мо
бонувоне ҳастанд, ки
хушбахтиро дар сарват ва
молу чиз мебинанд. Ба
боигарии дигарон ҳасад бурда,
бо чашми тамаъ менигаранд,
ки ба шаъни зан намезебад.
Баъзеи дигарашон аз ҳусну
латофати зоҳирии худ
мефахранд, ҳол он ки барои
марди бамаърифат зебогии
ботин болотар меистад.
Зан бояд ба тозагии худ,
хонадон ва фарзандонаш
аҳамият дода, шавҳарашро
эҳтиром намояд. Бе иҷозати ӯ
ҷое нарафта, нопурсида чизе
харид накунад, якраву
гапгардон набошад. Мард хоҳ
дағал бошад, хоҳ меҳрубон
чунин зани аҳлро дӯст
медорад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1