Предыдущая публикация
✏
Вақте ки алам ба дил фиғон зад, бинавис
Аз дарди фалак ба ту нишон зад, бинавис
То неши қалам ба дасти ту нӯш шавад,
Ёбӣ, ки яке муҳри даҳон зад, бинавис!
Ту синашикаста нестӣ, эй боғи ҷавон,
То давраи пирӣ бар камон зад, бинавис!
Ҳаргиз қаламат кӯтаҳу дилхаста мабош,
Чун олами бевафо замон зад, бинавис!
Суйи чамани шукуфта шодон биравӣ,
Дорандаи ишқи ту равон зад, бинавис!
Рӯзе дили бемори ту ҳам сард шавад,
Ях бастани яхдони гарон зад, бинавис!
Ҳар рӯзи азоби халқ дидан хуш нест,
Хурсандии зебои забонзад, бинавис!
🌸Шерозӣ Махкамзод🌸 maxkamzodasherozi@gmail.com
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев