Нағмаи ноҷури бозори туям.
Аз садоқат ҳарф намегуям дигар,
Фориғ аз ишқ ҳам гунҳгори туям!!!
Хуб медонам ҷавон будам ҳавас,
Дар фазои ишқи покат ҳар нафас.
Нафси баъд охир балои ҷони кас,
Булҳавас андар раҳи зори туям!!!
Хуб медонам шикорат сайди ман,
Дар камони абрувонат байти ман.
Ҳам паёму ҳам каломат сайти ман,
Куштайи бахти ҳамон ёри туям!!!
Хуб медонам ситора гуфтамат,
Ҳар ду рухсорат анора гуфтамат.
Гоҳ азизу гоҳ нигора гуфтамат.
Ҳалқайи муйи сари дори туям!!!
Хуб медонам ки ту зуд бовари,
Ҳамчунон кардам ба ту савдогари.
Бо ду -се гул лолаҳои аҳмари.
Шоҳиди чашмони хунбори туям!!!
Хуб медонам сиришки аълвидо,
Номаҳоямро бихони аз само,
Ё ҷаъфо буд ё хато буд ё бало.
Маҳву моти ҷоду тумори туям!!!
Хуб медонам хиёнат кардаям,
Ошиқи гуфта қиёмат кардаям.
Бо чунин рафтор одат кардаям.
Дузахи дар оташи нори туям!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев