Қазои рӯзаҳои аз даст рафтаи моҳи Рамазон воҷиб аст ва лозим нест, ки фавран баъд аз моҳи Рамазон адо шавад ва ба сурати ҷудо ё пушти сари ҳам низ ишколе надорад. Чуноне, ки Умму-л-муъминин Оиша (рз) дар ҳадиси мутафақун алайҳ фармуда аст:
{ Рӯзаи моҳи Рамазон бар ман монда буд ва танҳо дар Шаъбон метавонистам қазои онро адо кунам }.
________________________________________
Аз имом Аҳмад (рҳ) дар бораи қазои моҳи Рамазон пурсида шуд ҷавоб дод:
{ Агар хост бо фосила аз ҳам рӯза бигирад ва агар хост пушти сари-ҳам }.
________________________________________
Агар касе, ки бар ӯ қазои рӯза бошад вафот кунад сарпарасташ метавонад ба ҷои ӯ рӯза бигирад бино-бар фармудаи Паёмбар ( ﷺ ) :
{ ﻣﻦ ﻣﺎﺕ ﻭﻋﻠﻴﻪ ﺻﻴﺎﻡٌ، ﺻﺎﻡ ﻋﻨﻪ ﻭﻟﻴُّﻪُ }.
{ Ҳаркас бимирад ва бар гардани ӯ рӯзае бошад сарпарасташ метавонад ба ҷои ӯ рӯза бигирад }.
"Бухори ва Муслим".
________________________________________
Аммо агар аз касоне бошад, ки маъзур ҳастанд ва бояд дар азои ҳар рӯз ба як мискин ғизо бидиҳанд бар сарпарасти ӯ воҷиб аст, ки ба ҷои ӯ хурок бидиҳад ва рӯза бар ӯ воҷиб нест...!
Фазилати моҳи Рамазон⤵⤵⤵ https://m.ok.ru/group/54865605230832 ба гуруҳи мо ҳамроҳ шавед. дустон⤴⤴
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев