📒 Якчанд умур далолат мекунад, ки банда дорои хоҳишу иродаву қудрат шудааст.
🔸1) Қавли Аллоҳ Таъала аст, ки мефармояд:
🌱 «Занонатон киштзори шумоанд, пас, ба киштзори хеш ба ҳар равише, ки хоҳед, биёед»
📚 (Бақара-223)
🌷 Ва инчунин Аллоҳ Таъала мефармояд:
🌱 «Ва агар берун омадан мехостанд, барои он сомони сафарро муҳайё мекарданд»
📚 (Тавба-46)
📒 Дар ин оятҳо Аллоҳ Таъала бар банда будани хоҳиш (ирода)-ро исбот намуд, яъне банда амалро ба хоҳиши худаш анҷом медиҳад.
🔸 2) Тавҷеҳи амр ва наҳй ба сӯи банда.
📒 Агар банда ба ихтиёр ва қудрат доро набошад, пас тавҷеҳи амр ва наҳй ба суйи вай маъное надиҳад, ва ин амрро ҳикмат ва раҳмати илоҳӣ инкор мекунад. Зеро Аллоҳ Таъала чизеро ба касе воҷиб намекунад, магар ба
миқдори тоқати ҳамон кас.
🌷 Тавре, ки Аллоҳ мефармояд:
🌱 «Аллоҳ чизеро воҷиб намекунад бар касе, магар миқдори тоқати ӯ»
📚 (Бақара-286)
🔸 3) Аллоҳ Таъала бандаи некукорро мавриди мадҳу
сано (таъриф) қарор дода, бандаи бадро мавриди мазаммат (танқид) қарор додааст.
📒 Агар амали банда ба хоҳишу иродаи худ содир намешуд, пас мадҳи накӯкор беҳуда буда, ва мазаммати фосиқ зулм мешавад.
🔸 4) Албатта Аллоҳ Таъала Паёмбаронро фиристодааст.
🌷Чуноне, ки Ӯ Таъала мефармояд:
🌱 «Пайғамбарони муждадиҳанда ва бимкунанда (фиристодем), то мардумонро баъд аз фиристодани пайғамбарон бар Аллоҳ ҳуҷҷате набошад»
📚 (Нисо-165)
📒 Агар банда иҳтиёру ҳоҳиш надошта бошад, ҳаргиз ҳуҷҷату баҳонаи вай баъди ирсоли паёмбарон нобуд нахоҳад шуд.
🔸 5) Ҳар касе, ки кореро иҷро мекунад, ӯ ҳис мекунад, ки ӯ худаш ин корро анҷом дода истодааст ва касе ӯро маҷбур накарда истодааст.
📒 Банда вақте, ки мехезад, менишинад, дохил мешавад, берун меравад ва ё сафар мекунад, ин ҳама ба ихтиёри худаш ҳосил мешавад. Ҳис намекунад, ки касе ӯро ба ин аъмол маҷбур карда истодааст. Ӯ метавонад байни коре, ки ба ихтиёри хеш анҷом медиҳад ва коре, ки касе ӯро ба анҷом додани он маҷбур мекунад, тамйиз кунад (фарқ кунад), зеро ӯ дорои ақл аст, ки метавонад ҳақро аз ботил фарқ кунад ва ӯ маҷбур нест.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев