Номаш Умар ва номи падараш Хаттоб ибни Нуфайл, лақабаш Форуқ ва кунияташ Абӯҳафс аст. Дар соли 584 милодӣ, яъне 40 сол қабл аз оғоз шудани солшумории ҳиҷрӣ дар Маккаи мукаррама ба дунё омадааст ва дар соли 23 ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 644 милодӣ дар Мадинаи мунаввара ба шаҳодат расидааст.
Панҷ сол қабл аз ҳиҷрат дар соли 616 милодӣ дини мубини исломро пазируфтааст ва сабаби қудратманд гардидани шавкати мусалмонон дар Макка шудааст.
Дувумин халифаи Паёмбар( алайҳи-с-салом) ,хусураш, яъне падари модари муъминон Ҳафса (разияллоҳу анҳо) ва домоди духтараш, яъне шавҳари Умми Кулсум бинти Фотимаи Заҳро, яке аз башоратдодашудагон ба биҳишт ва баъди ҳазрати Абӯбакр(разияллоҳу анҳу) дувумин шахсияти уммати исломӣ шинохта шудааст. Ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) аз Умми Кулсум - хоҳари имомон Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо) як писар ба номи Зайд ибни Умар ва як духтар ба номи Руқайя бинти Умар дошт.
Дар соли 13 ҳиҷрӣ дар рӯзи вафоти ҳазрати Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) халифа интихоб шуда ва то соли 23 ҳиҷрӣ, яъне муддати даҳ сол хилофаташ идома кардааст. Дар муддати хилофташ тамоми сарзамини Шому Ироқ, Мадоину Миср ва тамоми ҷазираи Араб дар қаламрави ислом дароварда шудааст ва бузургтарин императорҳои олами замонаш- императории Эрону Рум шикаст дода шуданд.
Дар соли 23 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 644 милодӣ ҳангоми гузоридани намоз ба ҷонаш сӯиқасд сурат гирифтааст ва дар асари он се рӯз баъд ба шаҳодат расидааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев