______________________________________________________________________________
1. Шарик овардан ба Аллоҳ
إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَاءُ ۚ وَمَن يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا
Ба дурустӣ, Худо онро, ки ба Ӯ ширк орад, намеомурзад; ва ғайри ширк ҳар киро хоҳад, меомурзад. Ва ҳар ки ба Худо шарик муқаррар кунад, пас ба гумроҳии дур гумроҳ шудааст.
Сура 4 аят 116
______________________________________________________________________________
2 Васила қарор додани чизе барои наздик шудан ба Аллоҳ
أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَىٰ إِنَّ اللَّهَ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ فِي مَا هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ
Огоҳ бош, парастиш кардани холис(Яъне: ба ғайри ширк) барои Худо аст.(Яъне: наздики Ӯ мақбул аст) Ва онон, ки ба ҷуз Худо дӯстоне гирифтанд, (гуфтанд): «Онҳоро ибодат намекунем, магар барои он, ки моро дар (мартабаи) қурб ба Худо наздик созанд». Ба ростӣ ки Худо дар миёнашон дар он чи онҳо бар он ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ҳамоно Худо касеро, ки дурӯғгӯи носипос аст, роҳ наменамояд.
Сура 39 аят 3
______________________________________________________________________________
3.Кофир нашуморидани Мушрикҳо Бутпарастон ва Яҳуду Насоро
إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ
Ҷуз ин нест, ки мӯъминон (ба ҳақиқат) ононанд, ки ба Худо ва пайғамбари Ӯ имон оварданд ва дигар шубҳа накарданд ва бо амволу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд – он ҷамоа ростгӯёнанд.
Сура 49 Аят 15
______________________________________________________________________________
4.Боварӣ доштан ба инки роҳу равише беҳтар аз роҳу равиши Муҳаммад صلى اللّٰه عليه و سلم аст
مَّن يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ ۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا
Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас, ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст. Ва ҳар ки эъроз кард, пас, туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодаем.
Сур 4 Аят 80
______________________________________________________________________________
5. Нафрат доштан бар Муҳаммад صلى اللّٰه عليه و سلم
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ
Ин ба сабаби он аст, ки онҳо чизеро написандиданд, ки Худо фуруд овардааст, пас (Худо) аъмолашонро нобуд кард.
Сура 47 аят 9
______________________________________________________________________________
6.Масхара кардани дини Аллоҳ
وَلَئِن سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ ۚ قُلْ أَبِاللَّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ
Агар аз онҳо суол кунӣ, мегӯянд: «Ҷуз ин нест, ки мо дар ҳазл шурӯъ менамудем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё ба Худо ва оятҳои Ӯ ва пайғамбари Ӯ тамасхур мекардед?»
Сура 9 Аят 65
لَا تَعْتَذِرُوا قَدْ كَفَرْتُم بَعْدَ إِيمَانِكُمْ ۚ إِن نَّعْفُ عَن طَائِفَةٍ مِّنكُمْ نُعَذِّبْ طَائِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ
Узр магӯед, ба дурустӣ ки шумо баъд аз имони худ(Яъне: имон ба забони худ) кофир шудед. Агар аз сари гурӯҳе аз шумо даргузарем, албатта, гурӯҳеро – ба сабаби он ки гунаҳкор буданд – азоб мекунем.
Сура 9 Аят 66
______________________________________________________________________________
7. Ҳама навъи Ҷодугарӣ
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ}
"Эй мӯминон! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед",
Сура 20 Аят 69
______________________________________________________________________________
8.Ҳамкори ва ёрӣ намудани куффор бар зидди мусалмонон
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд.
Сура 5 Аят 51
______________________________________________________________________________
9. Имон доштан ба он ки иҷозат аст аз чорчӯба шариъат баромадан
وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ
Ва ҳар ки ғайри Ислом динеро талаб кунад, пас ҳаргиз аз ӯ қабул карда нахоҳад шуд; ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст.
Сура 3 Аят 85
______________________________________________________________________________
10. Рӯй гардондан аз Ислом ва инкор кардани аҳкоми ӯ.
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِآيَاتِ رَبِّهِ ثُمَّ أَعْرَضَ عَنْهَا ۚ إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ مُنتَقِمُونَ
Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба оёти Парвардигори хеш панд дода шавад, сипас, аз он рӯй бигардонад? Ба ростӣ ки Мо аз гуноҳкорон Интиқомкашандаем.
Сура 32 Аят 22
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев