Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон!
📚Худованд мефармояд:
وَالَّذِينَ جَاءُوا مِن بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Ва (низ) аз они касоне аст, ки баъди муҳоҷирон омаданд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ».
( Ҳашр 10 оят )
🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹🍃
📝Сифати муъминон, ки ба ин васила мустаҳиққи фазлу эҳсони Худованд
қарор мегиранд, инаст, ки чунин дуъо мекунанд:
📚Парвардигорро, мағфирати худро аз мо ба бародарони мо ки пеш аз мо сабқат намуданаад дареғ мадор!
📝Бародар инҷо бо маънои ом аст. Ва аз ин чунин бар меояд, ки бародарони дини барои онҳо пеш аз бародарони насабияшон мавқеъ доштанд ва ҳам азизтару муътабартар буданд.
Онҳо боз дуъо мекарданд ва мегуфтанд:
📚Парвардигорро дар дили мо нисбати ҳеҷ муъмину мусалмоне кинаву бухлу ҳасадро ҷой мадеҳ, дуъои моро иҷобат кун, зеро ту бисёр бахшандаву меҳрубон ҳасти!
📝Аз мазмуни ин оя чунин бармеояд, ки касе дар тақсими моли файъ ба чунин тариқа рози нашуд у рофизи аст. Рофизи шахсест, ки нисбати асҳоби Расулаллоҳ ( салаллоҳу ъалайҳи васаллам) бе ҳурмати зоҳир карда, ҳатто онҳо дашном медиҳанд. Тибқи дастури ояти мазкур ба қавли. '' Шайхзода '' одати мусулмоне, ки баъди муҳоҷирин ва ансор ба дунё омаданд ин аст, ки гузаштагонро чуноне, ки зикр шуд бо дуъову раҳмат ёд мекунанд. Агар чунин накарда ба бади ёд кунанд, ба таҳқиқ аз ҷумлаи муъминон хориҷанд.
📝Худовандо, муҳаббати худро ва Набии кариматро ва ҳамчунин асҳоби Уро бар мо арзони бидор ва моро аз ҷумлаи ашхосе, ки нисбати саҳобагони Набият беҳурмати зоҳир мекунанд магардон. Амин!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев