Ва касе, ки ҳиҷраташ барои дунё бошад, ӯро дунё мерасад, ё ба сӯи зане бошад, ӯро никоҳ мекунад, пас ҳиҷраташ ба сӯи он чизе мебошад, ки ба сӯи он ҳиҷрат кардааст ".
📝 Ин ҳадисро ду имоми муҳаддисон Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбаи Бухорӣ ва Абӯлҳусайн Муслим ибни Ҳаҷоҷ ибни Муслими Қушайрӣ Нишопурӣ дар "Саҳеҳ"-ашон, ки он ду саҳеҳтарин китобҳои таснифшуда аст, ривоят кардаанд.
ФОИДАҲОИ ҲАДИС
✅1- Албатта амал нест магар ба ният.
✅2- Албатта амалҳо ба ниятҳо мӯътабар аст.
✅3- Албатта аҷру савоби амалкунанда бар амалаш ба мувофиқи нияташ аст.
✅4- Мисол овардани олим барои тавзеҳ ва баён.
✅5- Фазли ҳиҷрат барои мисол овардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба он.
📚Ва ба таҳқиқ дар Саҳеҳи Муслим (таҳти рақами 192) аз Амр ибни Ос разияллоҳу анҳу аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят омадааст, ки фармуд: "Оё надонистӣ, ки Ислом он чизеро, ки пеш аз он буд, нобуд мекунад ва ин ки ҳиҷрат он чизеро, ки пеш аз он буд, нобуд месозад ва ин ки ҳаҷ он чизеро, ки пеш аз он буд, нобуд месозад? ".
✅6- Албатта инсон ба мувофиқи нияташ аҷр дода мешавад, ё гунаҳгор мешавад, ё аз аҷр маҳрум мешавад.
✅7- Албатта амалҳо ба мувофиқи он чизе, ки барои он васила мешавад, мебошад. Пас гоҳо як чиз дар асл мубоҳ мебошад, ҳаргоҳ инсон ба он нияти хайр кунад, тоат мешавад, монанди хӯрдан ва нӯшидан, ҳаргоҳ ба он нияти қувват гирифтан бар ибодат бошад.
✅8- Албатта як амал барои инсоне аҷр мебошад ва барои инсоне ҳирмон (аз аҷр) мебошад.
📝НАМОЗ яке аз асосҳои Ислом аст, агар инсон онро мувофиқи шариат ва холис барои Аллоҳ анҷом диҳад, аҷру савоб дода мешавад. Ва агар барои риё (худнамоӣ) анҷом диҳад аз аҷру савоб маҳрум шуда гунаҳгор мешавад.
📝Аллоҳ ҳамаи моро ба Қуръону Суннат амал карданро насиб гардонад ва аз ширк, риё, уҷб ва бидъат дӯр гардонад, АМИН.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев