-чун ин ёдовари фоида меорад!
Як чавони «ботакво» аз маконе мегузашт ва мардумонеро дид ки ба дарахте ъибодат мекунанд ба чои Аллоh. Мардум гирди он дарахт тавоф доранд, мол хун мекарданд, ба он дарахт риштахо меовехтанд ва аз он дарах дуову тазарруъ мекарданд то мушкилоташонро осон намояд.
Он мард нийят кард ки албатта ин дарахтро у бояд бурида нест кунад. У аз хонааш табареро гирифту суи он дарахт шитофт аммо дар рох аз пешаш Иблис дар сурати одами баромад. Иблис пурсид:
- Ту чи нийят дори?
- Мехохам фалон дарахтеро ки «гумрохон» ба он тоъату ъибодат мекунанд бурида решакан кунам!- чавоб додааст он мард.
- Пас ба ту чи мерасад? Ту чи фоида мегири аз ин ъамалат?Охир ту ку ба он ъибодат намекуни пас ба дигарон чи кор дори?- мепурсад Иблис.
- Ман аз барои «ризои Худованд» нийят кардаам!- чавоб додаст он мард.
Иблис мебинад ки он мардро нийяташ «холисона» асту уро боздошта наметавонад ба у пешниход мекунад ки:
- Биё харду гушти мегирем. Агар ту fолиб ки омади рав дарахтро бибур- ва агар ман fолиб омадам аз нийятат гард!
Пас харду даст ба гиребон мешаванду гушти мегиранд. Он мард ки нийяташ холисан ЛилЛоh буд Иблисро ба замин мезанад ва ба суи он дарахт рохашро идома медихад. Иблис хиллаи дигареро пеш мегираду пешниход мекунад:
- Мехохи ки ман ба чои буридани он дарахт ба ту аз он бехтарашро дихам? Ту хар сахар аз ман ду динори тилло мегири!
- Ту маро фиреб медихи!? Ман аз кучо он динорхоро мегирам?- мепурсад он мард.
- Хар сахар аз хоб хести зери болинатро мебини ва он ду динорро меёби!- чавоб додааст Иблис.
Он мард аз рохаш баргашта ба хонааш омадааст. Сахар аз хоб хеста ду динори тилло пайдо мекунаду хурсанд мешавад. Хамин тавр ду сахар у динорхоро ёфта хурсанд мешавад. Аммо сахари сеюм у бармехезаду диноре намеёбад. У бо кахр табарро гирифта суи дарахт мешитобад- аммо боз дар рох ба у Иблис вомехурад.
- Ту чи кор кардании?- мепурсад Иблис.
- Мехохам он дарахтро бурида решакан кунам!- чавоб медихад он мард.
Иблис боз пешниход мекунад ки пеш аз он ки дарахтро бурад аввал гушти гиранд ва агар fолиб ояд рафта дарахтро бурад. Харду даст ба гиребон мешаванду ин бор Иблис fолиб мешавад. Он мард бархеста мехохад боз як бор гушти гиранд- ин бор хам Иблис fолиб меояд. Иблис мегуяд:
- Ту медони ки ман киям? Ман Иблисам. Ту дигар маро маfлуб карда наметавони! Чун ту аввалин маротиба аз барои «ризои Худованд» нийят дошти он дарахтро решакан куниву мардум аз аъмоли хато дур шаванд ва маро маfлуб карди. Аммо ин дам нийяти ту аз барои он ду динор аст на аз барои «ризои Худованд»!
(Ибн аль-Джаузи, Хасани Басри)
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\///////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\/////////
Ъибрат:
Ин кисса ба мо дарсест ки хар ки аз барои Ризои Худо ба ъамале даст занад Худованд уро fолиб месозад. Аммо гар дар он ъамал «риё» бошад у шармандаву «русиёх»-и ин дунёву охират мешавад. Он мард ки бо моли дунё аз суи Иблис фирефта шуд окибат шарманда шуд.
Аз таърихи хазорсолаи Мусалмонон худ гувохед ки дар аввали пайдоиши Ислом то асрхои миёна муслимин хар нийяте мекарданд – Худованд онхоро «дастболо» мекард. Он ки бо лашкари кучаке лашкархои Империяи Рим, Империяи оташпарастони Форс, Империяи Византия ва дигар кушунхоро яке паси дигар мусалмонон шикаст додаанд таърих монандашро ёд надорад. Чун нийят ки «холис» аз барои ризои Аллоh ки буд хеч як лашкар бар мусалмонон истодагари карда наметавонист.
Аммо афсус аз асрхои миёна ин тараф мусалмонон аз моли дунё «маст» шуданд на пайрави аз Паёмбар (с.а.в.с) ва асхобаш балки худро монанд ба подшохони Аврупо карданд. Сарварону пешвоёни Ислом чи подшохон ва чи диндорон дигар аз паи «дунё» шуданд ва Худованд шикаст болои шикастро бар сарашон равон кард.
\Гар Паёмбар (с.а.в.с) ва Абубакр(р.а) ва Умар (р.а) ва Усмон (р.а) ва Али (р.а) ва асхоб ки аввалин рохбарони давлати мусалмонон буданд рузу хафтахое гурусна мегаштанд- Инхо бошанд то дарридани ишкамхо гушту ширини мехурдаги шуданд.
\ Паёмбар (с.а.в.с) ва асхобашу пайравонашон кариб ки хоб накарда дар фикри уммату зердастон буданд, шабонгах намозхои нофилаи зиёд мехонданд - инхо бошанд хатто дар намози бомдоди танбали мекардаги шуданд.
\ Паёмбар (с.а.в.с) ва асхобаш як ду либосе доштанду он хам пур аз ямок- Инхо бошанд либосхои зебову бо сими тилло оро мепушидаги шуданд.
\ Паёмбар (с.а.в.с) ва асхобашро дустиашон ва душманиашон танхо аз барои «ризои Аллоh» буд- инхо бошанд акнун дусти мекарданд бо нафароне ки бой бошанд, кудрат дошта бошанд ва г.
-------Акнун Магар олимони Исломии ин замони мо ( омми он су истад) дустиву душманиашон аз Барои Ризои Худост- ё аз барои «риё»? Мисоли хамон дарахт ки мардумро ба щирк мебарад оё дар замони мо нест? Магар мо ин замон хабар надорем ки мардум дарахт мепарастанд, кабр мепарастанд, куфр меварзанд ва г? Харчанд бахона меоранд ки не мо кабр намепарастем- балки он кабрхоро «васила» карор медихем.!?
Муллову муфтихои имруза фаркашон аз он «пешвоёни» пешин чун фарки «байни замину осмон» аст. Чун хама руз мешнавем ки муфтихо бо фалони кахриянд, фалон домло бо дигари кахриву чангист ва fайра- аммо боре оё мешунида бошем ки аз барои Худо ошти кардаанд? Оё бародару хохаре хато кард «ислох»-ашон вочиб аст- ё уро бояд шарманда кунанд?
Дар «зиёратгоххо»-и Точикистон танхо ъамали Щирку Бидъат хасту аз «Тавхид» гуиё ки хабаре нест.Хамон дарахпарастону ин «ноМуллохо» гуиё яканд. Хамма домлохое ки сари он кабрхо менишинанд парвое надоранд ки он «зиёратчихо» бо мини-юбкаанд, пеши синахо кушода, сархо лучу аз либоси Исломи дур- хамин пул диханд шуд.
Пурсанд ки фарзандталабам, кушоишталабам, шифоталабам- мулло чавоб медихад ки ин «хазрат» шифо медихад, кушоиш медихад, фарзанд медихад- гар уро «васила» карор дихи. Агар бе ин чунин «васила» худ дуъо куни гуиё Худованд кабул намекунад! Худо кунад ки ягон нафаре «далел» аз чунин хочатталаби ва ё «васила» карор додани ин «азизони Худо» пурсанд- даррав онхоро аз мазхаб хорич мекунанд, ваххоби ва ё салафи меноманд. Аммо онхо дар асл на аз Курьону суннат ва на аз мазхабамон хеч як далелу хуччат намедонанд. Балки далел меоранд ки «бобову момом кард морам мекунем»!!
Аммо намегуянд ки ин чо танхо дар хакки онхо дуъо кунед- чун онхо ба хеч кор кодир нестанд. Намегуянд ки Паёмбар (с.а.в.с) чунин хочатталаби ва ё «василакуни»-ро щирк гуфтаанд ва катъиян манъ кардаанд. Хатто дар зиёратгохи хазрати Султону Чилучор Чашма як замон будему вакти намоз он «ноМуллохо»-и дуъохон хатто хушашон наомад бо чамоъат намоз хонанд. Ба онхо намоз зарур нест- балки пулу моле ки зиёратчиён меоранд зарур: «Гур сузаду-дег чушад»!
Як мехмоне аз Кафкоз мехмон шуду рузхои чоршанбеву чумъа ба масчиди Мавлоно Яъкуби Чархи рафтем. Рузи аввал зиёраткуни- дигар руз чумъахони. Аз дари масчид дароем як марди риши калондоре ки мулло будааст таклиф кард ба хучраи у гузарем то «тумор» дихад ва ё дуъо хонад- аммо харчанд як зани аз паси мо буда аз пасаш рафт аммо мо рози нашудем. Он «ноМулло» парвое накад ки он зан «бемахрам» аст- пас у риёкоре буд на мулло.
Хамон рузи чоршанбе хазорхо зану мард хатто гирди кабр «тавоф» мекунанд- ки щирк аст чун тавоф танхо дар Каъбатуллох ичозат аст. Пас аз тавоф занхои «ним-урён» дар ру ба руи он «ноМулло» ва хатто дар бараш дар як кат мешинанду у хатто намегуяд ки:
- Хохар ё аппа ин либос мумкин не! Сатри аврат кунед, шарму хаё кунед! Аз барам хезед –он стол шинед!
Ба инхо пул бидехи халос. Он руз дусти кафкозии мо 500 сомони хайр кард. Мардуми дигар хар яке на камтар аз 20-50 сомони ва хатто 100 доллару 200 доллар. Баъзехо ба пеши он мулло пул мепартофтанд- баъзе дар сандукчае ки кулф дошт. Он кадар нону канде ки он мардум меоранд барои хазорхо хонавода кифоя аст- аммо як «хизматгоре» даррав он нону кандхоро ба хонае бурда мемонд. Кош аз ин нону хурока як ду сагераву бечораро насиба диханд- аммо афсус ин кадар гизоро он ноМуллохо байни худ таксим мекунанду халос.
Онсу гузарем боз кабри дигаре. Як ноМуллои дигаре нишастаасту хамин тавр парвое аз либосу муомилаи занону мардон надорад- пул парто рав! Гуиё ин пулхо ба «хазрати Мавлоно» лозим шуда бошад- аммо касе намепурсид ки кучо сарф мешавад ин пулхо. Ин замон ду марде як гусфанди калонеро кашида аз дари дигар дароварданду чашмони он «мулло» дурахшиду у хурсанд шуд. Маълум шуд ки ба хочатмандон ин «ноМуллохо» хун кардани мол дар хакки «хазрат» фармудаанд.
Хулас дуъое ки он домлохо мекунанд аз «Тавхид» берун аст. Пешашон якчанд когазхое «тумор» навиштагиву ба «зиёратчихо» таксим мекунанд- албатта бо пул. Акнун рузи чумъа боз он мехмон хост ба он масчид равему намозро он чой хонем. Бинем хамон «домлое» ки аз болои кат менишаст Эмоми калон будаасту мавъиза мекунад. Аммо афсус ки ин мавъиза набуд балки ёде аз чангхои солхои 90-ум буду у худ муллохоро гунахкор мекард. Сипас у аз намозхонон хохиш кард ягон суми барои ободии масчид хайр кунанд. Он хазорхо сомони ва гову гусфанду хурока кучо шуд? Магар он басанда нест? Ё мардум ба нийяти ба мулло хайр кунам пулу мол овард?
Эмом мегуфт ки бе токи намоз дуруст нест, бе дуъо намоз дуруст нест- аммо намегуфт ки бе «сатри аврат» дар масчид дуруст нест чун он бе сатрхо пул медихандаш. Намегуфт ки бе «махрам» мулло бояд занонро танхо нахонад. Дар охири намоз як муллои дигар эълон кард ки ин хафта «хайри» кардаи мардум 550 сомони шудааст. Мо хайрон шудем- охир он руз дустам 500 сомони дода буду имруз хар якеамон 100 сомони.
Танхо мо се нафар кариб 1000 сомони «хайр» кардаем- аммо мардуми дигар мумкин то 20-30 хазор сомони хамаги ё зиёдтар. Аммо ин мулло на шарме дошту на хаёе. Пас маълум мешавад ки хайри меомадаги ба «хазрати Мавлоно» не- ба ин «ноХазратон» лозим будааст. Чун дар сахни масчид якчанд мошинхои нави хоричи истода буду маълум аст аз он муллохост.
Ин «ноХазратон» мумкин сохтмонхое барои худ доранду –маблагро аз зиёратчихои масчид гирифта дар хонахои худ сарф мекунанд. Чун ин кадар маблаги бузургро кучо сарф мекунанд? Ана аз ин масчид бояд барои «офатзадагони» сел пул гирифт- чун мумкин хар мох садхо хазор сомони пул fун шавад.
«Гумрохон»-ро инхо бо афсонахои худ ба Щирк мебаранду парвое надоранд. Мегуянд ки «албатта 3 хафта чоршанбе биёи шифо меёби», «бахтат кушода мешавад», «мушкилат осон мешавад» ва гайра. Аммо хеч яке «далел» аз Курьону суннат ва ё Абу Ханифа (р) намеоранд. Пас фарке аз он «дарахтпарастон»-у ин «кабрпарастон» дар чист? Он бечора сохибони «кабр» худ мухточи дуъоянду хатто ба ин гуна «ноМулло» нафрат доранд. Аммо таассуф аз он мекунам ки гар ба онхо бигуи ки ин хочатхохи, шифохохи ва фарзандхохи дуруст нест- даррав мегуянд ки:
- Ту акидаи вахоби дори! Ту акидаи салафи дори! Ту аз мазхаби Эмоми Аъзам хорич шудаи!
Пас тибки акидаи сохибмазхабамон Эмоми Аъзам оё ин мумкин аст?- албатте не! Бошад аз куръону Суннат ва ё навиштахои Эмоми Аъзам ягон далел пас ба мо хам пешкаш кунед то хатои худро ислох кунем. Аммо тибки фатвохои Эмоми Аъзам хам ин ъамал щирк аст!
Кадом сахоба ва бузургони Ислом чунин «васила» карор додани ин «азизонро» кардаанд ки инхо он ъамалро аз Ислому мазхаб мегуянд? Хеч як сахоба ва ё сохибмазхабон чунин ъамал надоштанд- балки мефармуданд ки «шумо худ намозхои нофила хонеду аз Худованд сабукии мушкили талабед»! Инро «далел» зиёд аст аз аходису аз аъмоли бузургони Ислом- аммо он ъамале ки дар зиёратгоххо дидем щирк асту бас!
Пас ин «ноМуллохо» акидаи худу як ду «ноМуллои» дигарро акидаи Мазхаби Ханафи медонанд. Агар бе токи намоз дуруст набошад- оё нимурён масчид дарои дуруст аст? Ё инхо муллову муфтии танхо «намозхонон» хастанду халос? Масчидхоро онхо моли худ кардаанду дар он хам мулло, хам муаззин, хам хизматгорон хешу таборашон кор мекунанд. Пулу моле ки омад гуиё мардум барои онхо додаанд. 2-3 хазор сомони байни худ даррав таксим мекунанд.
Агар дар амале қасди риё ва сумъа бо қасди тоату ибодат зоҳир гардад, яке аз он ғолиб ояд ё ҳарду мусовӣ бошанд, албатта ин савобро ботил ва гуноҳро пайдо мекунад, чунки "ҳадис” ом омадааст.
Ривоят шудааст аз Расулаллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам:
« Шахсе ъамалеро барои ризои Аллоҳ таъоло ба ҷо овард ва ҳамзамон боз каси дигареро ба ҷуз Худованд шарик донист, пас бояд ки савобашро аз ғайри Аллоҳ таъоло дархост намояд, ба дурусти ки Аллоҳ таъоло ғанитарини шарикон аст (У ба миёнаравии касе ниёз надорад- яъне «васила» кардани касе ниёз надорад).
Яъне ба щирк Аллоҳ таъоло ниёз надорад, ки ба ҷуз ӯ дар иҷрои амал каси дигаре шарик дониста шавад. Аллоҳ таъоло амалеро қабул мекунад, ки хос барои ризои ӯ бошад. Дурӯягӣ дар иҷрои амал нашояд».
Дигар масчидхову «зиёратгоххои» Точикистон хам аз ин кариб ки фарке надоранд. Ман ин чой танхо аз намояндагони дин навиштаам- сабаб он ки инхо бояд оммиёнро аз дин огох кунанд, аз халолу харом хабар кунанд, аз дустиву душмании ба Хотири Худо огох кунанд. Аммо дар аъмоли инхо (кисми зиёдашон) худ бадбиниву кахрикуни мебини, fайбату тахкир нисбати дигар мулло мебини, дуруfгуи мебини- пас аз инхо чи ибрат гирем? Аммо «щирк» ки бадтарин гунох аст- дар назари инхо кори савобе шудааст!
Пас уммати Исломро мебояд хар ъамалу хайре ки кунанд- онро аз «риё» дур кунанд. Чун ъамале ки ба хотири Ризои Аллох шавад бояд бе риё бошад. Тоъату ъибодат хам хамчунин танхо барои ризои У (ч.ч) бошад. Пас бидонед ки тибки хадиси Паёмбар (с.а.в.с):
"Аддуъоу хувал ъибодату" (Дуо ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)
Пас хар як нафаре ки хочат дорем донем ки Ъибодат(дуъо) танхо ба суи Худованд бошад кабул аст- ва илло суи махлук бошад щирк! Худованд дар ояхои Куръони ва Паёмбар дар аходисхои зиёдаш мефармоянд ки хочат аз Худо хохед, фарзанд аз Худо хохед, кушоиш аз Худо хохед- аммо боз хам ёфт мешаванд нафароне ки роххои щиркиро пеш мегиранд. Зиёратгох равед то дар хакки он гузаштагон шумо дуъо кунед – чун онхо мухточи дуъоанд ва ба хеч ъамале кодир нестанд. Инро хеч кас хак надорад манъ кунад- Аммо дуъоро (ъибодатро) танхо ба суи Аллоhи Кодиру Тавоно кунем:
Дар хадиси «Кудси» омадааст:
«Бандаам модоме, ки ъамалхои нафл мекунад, ба ман дар наздик шудан аст, то он ки уро дуст дорам. Чун уро дуст доштам, самъи у мешавам-ки бо он мешунавад ва басари у мешавам- ки бо он мебинад, ва дасти у мешавам-ки бо он мегирад ва пои у мешавам- ки бо он меравад. Агар маро суол кунад, ато мекунам ва агар ба ман панох чуяд, панох медихам».
(Ба ривояти Бухори).
Дар куръон хамчунин Худованд фармудааст:
«Чун бандагони ман дар бораи ман аз ту бипурсанд, бигу, ки ман наздикам ва ба нидои касе, ки маро бихонад, посух медихам.»
(Бакара:186).
Хамчунин мо бандагон хамаруза Фотиха мехонему тасдик мекунем ки:
-«Фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем»! —яъне Илоhо fайриТу дигареро намепарастем ва хамчунин аз Ту ва танхо аз Tу ёри мехохем! Яъне мо ниёз ба «миёнаравон» надорем, ба аъмоли гайри Исломи надорем -балки дар намоз дар ру ба руи Ту истода аз Ту хочат металабем. Инро мо аз Хабибат (с.а.в.с) омухтаем!
Пас тибки ин ояхову аходис чи хочат аст «васила» кардани мурдагон ба мо? Замоне ки мо метавонем худ пас аз намозхои нофила дасти ба дуъи бардошта хар хочату хохише дорем аз Аллохи Бузург бихохем! Оё мо пайрав аз ин ояхову аходис шавем ва ё гуфтаи ким кадом «ноМуллои» дуруfгуеро ки барои киссаи худ харакат дорад пайрави кунем? Охир шахру дехахо пур аз сагерагон, мухточон, маъюбон- Худованд дар чандин ояи Курьони таъкид намудааст ки ба ин тоифа мардумон хайру неки кунед. Яъне ба ин мухточон хайр кардем- Худои кардем!
Нафароне ки чунин «зиёрати ба нийяти хочат»-ро дуруст медонанд маълум аст ки аз он зиёратгоххо фоида ба даст меоранд. Ё ин ки ягон хешу шогирду муриди худро дар болои он катхо нишондаасту ризку рузиашро на аз Худованд- балки аз он кабрхо мебинанд!Он тарафашро худатон фикр карда ъамал кунед ва ба хеч як дуруfгуву риёкор бовар накунед чун мо пайрави Куръону Суннатем на пайрави гап гапи мардуму дуруfгуён!!! Худованд ба хар яки мо «рохи Хакро» хидоят фармояд- то аз чунин аъмоли щирку куфр дур бошем!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев