Шогирди “Картакелас”
Фотеҳ Доган аз зумраи ҳунармандони ҷавон ва бисёр боистеъдоди Туркия буда, бо шарофати силсилафилми «Ҳидоят» дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо шинохта шудааст. Силсилафилми мазкур бо номи «Картакелас» машҳур буда, дар он Фотеҳ нақши Ҳиҷрӣ-шогирди Домулло Зиёро мебозад. Ҳиҷрӣ бисёр ҷавони ҷӯянда ва зирак буда, бо саволҳои аҷоибаш устодашро қариб девона мекунад. Вай ҳатто дар кӯчаю пасткӯчаҳо пеши роҳи Домулло Зиёро гирифта, чунон саволҳое медиҳад, ки кас гаранг шуда мемонад. Домулло Зиё, ки дар асл мулло нест, ба саволҳои ин ҷавони кунҷкоб чӣ ҷавоб доданашро надониста, аз пеши худаш фатвоҳои хандаовар медиҳад. Пас аз он ки Картакелас “ мурда, домулло Зиё дар нақши муаллим пайдо мешавад, Ҳиҷрӣ ҷои устодашро гирифта, мулло-имоми масҷид мешавад ва дигаронро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Вақте ки Ҳиҷрӣ амри маъруф мекунад, ҳатто ҷинояткорон гӯшу ҳуш шуда, ба суханони ӯ гӯш медиҳанд, вале… “Ҷанговар” бо Картакелас дӯст аст ё душман?
Касе аз ин ҷавони боодоб ва сарпаст қаҳрамониро интизор набуд, аммо дар қисматҳои охири филм Ҳиҷрӣ боз дар як нақши дигар –ҷавони ниқобпӯше, ки бар зидди авбошон ва мафия мубориза мебарад, пайдо шуд. Касе чеҳраи ин ҷавони ҷасурро аз наздик надидааст, чунки ӯ ҳамеша бо ниқоб мегардад ва худро ҳамчун “Ҷанговар” муаррифӣ менамояд. “Ҷанговар” ҳамеша Домулло Зиёро ёрӣ расонида, дар ҳолатҳои вазнинтарин ӯро аз хатару балоҳои азим халос мекунад. Тахмин меравад, ки “Ҷанговар” ин Ҳиҷрӣ, шогирди домулло Зиё аст ва ба хотири он ки имоми масҷид буданашро касе пай набарад, ҳамеша дар зери ниқоб ба кӯмаки устодаш меояд, аммо…
Ҳиҷрӣ домулло Зиёро мекушад?
Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки Ҳиҷрӣ зоҳиран худро ихлосманд ва шогирди вафодори Домулло Зиё бигирад ҳам, дар асл нисбат ба ӯ дар дилаш кина дорад. Дар байни онҳо хусумати хунине вуҷуд дорад, ки ҳатто худи Картакелас аз он бехабар аст, аниқтараш онро дар ёд надорад. Дар интиҳои филм Ҳиҷрӣ дар зери ниқоби “Ҷанговар” аз Домулло Зиёро қасос гирифта, Картакеласро мекушад. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд, айни замон маълум нест, зеро ҳодисаҳои филм хеле печ дар печ ва худи сериал пур аз моҷаро аст. Қаҳрамонҳои филм имрӯз бо ҳам дӯстанд, вале пагоҳ душмани ҷони якдигар мегарданд. “Ҷанговар” ба Домулло Зиё боз чӣ “сюрприз” мекунад, инро танҳо вақт нишон медиҳад, аммо…
Ҳиҷрӣ дар асл кист?
Имрӯз мо ба шумо дар бораи офарандаи нақши Ҳиҷрӣ-Фотеҳ Доган маълумот медиҳем. Ин ҷавони зебои қошпайвандӣ 25-уми декабри соли 1989 дар деҳаи Элязиги Туркия ба дунё омадааст. Фотеҳ бачаи қишлоқӣ бошад ҳам, тавонист тавассути ақлу хирад ва ҳунару истеъдоди худододаш зинаҳои баландро фатҳ намояд. Вай хатмкардаи факултаи радио ва телевизиони донишгоҳи “Коня Селчук» буда, фаъолияти кории худро ба ҳайси ёрдамчии директор оғоз намудааст. Фотеҳ мисли қаҳрамони офаридааш Ҳиҷрӣ бисёр ҷавони ҷиддӣ ва боодоб аст, аммо аз чӣ бошад, ки коргардонҳо бештар ба филмҳои мазҳакавӣ ӯро даъват мекунанд. Аввалин филме, ки Фотеҳ Доган дар он нақш бозидааст, «Сумасшедшая классная комната» ном дошт. Соли 2004 ин ҷавони зебою ҳунармандро ба филми “Духтари оғо” даъват карданд. Ин ду нақши офаридаи Фотеҳ ба коргардонҳо хеле писанд омаданд ва ҳамин тавр, роҳи ин ҷавони ташнаи ҳунар ба олами синамо кушода шуд.
Зинаҳои шуҳрат
Соли 2007 Фотеҳ Доган дар филми мазҳакавии “Шавҳари маҷбурӣ”, солҳои 2008-2009 дар “Обманут кого небуд,” Семейний дом” ва мелодраммаи “Моя дорогая семя”, соли 2010 дар филми таърихии “Последний атаман” нақшҳои бисёр ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Ошнобозӣ дар ҳама ҷо ҳаст ва коргардонҳои турк низ истисно нестанд. Онҳо вақти интихоби қаҳрамонҳо ба ҷӯрабозӣ роҳ дода, на ҳамеша ба Фотеҳ Доган нақши асосиро медиҳанд, вале ин ҳунарманди ҷавон чунон моҳир ва боистеъдод аст, ки метавонад ҳатто қаҳрамони дуюмдараҷаро ба қаҳрамони марказӣ табдил дода, азизи дили тамошобинон гардад. Дар байни тамоми филмҳое, ки Фотеҳ Доган дар онҳо нақш бозидааст, силсилафилми “Картакелас” мақоми хоса дорад. Ин филм ҳанӯз соли 2012 ба навор гириф..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев