Предыдущая публикация
То кай ошиқе ба паймон намерасад.
Гаштанд ҷавонон берун аз Ватан.
Афсус ки ҷавон ба ҷонон намерасад.
Гашта мардумон,муҳтоҷу мустаманд.
То кай маблағе баҳри нон намерасад.
Аз баҳри қут шуда,мардум парешон.
Токай парешон ба макон намерасад.
Бинам молу мулк,дар дасти аҳриман.
Лекин офате ба шайтон намерасад.
Парвои ҳеҷ касе,нест ӯ дар ин чаҳон.
Ба доди ҳеҷ кас ин шайтон намерасад.
Дидам ки Волидон буданд чашм ба роҳ.
Фарзанд расид лек ба ӯ ҷон намерасад
Кард Мунавар аз сӯз,ин шеърро иншо.
Дар ин замон касе,ба фиғон намерасад.
------------#######----------########------
Мунавар(19-02-2019)ХУФ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев