Агарчи шаб расид акнун, ба дунболаш сахар дорад!
Агар ёре надонад кадри ту, аз бахри у бигзар,
Ачаб набвад, ки кадратро ба худ ёре дигар дорад.
Зи бахри булхавас бигзар, макун парвои гулзораш,
Ки боги булхавас доим дарахти бесамар дорад!
Машин зери дарахте, ки хамеша бори гам орад,
Ба зери он дарахте рав, ки хушбахти самар дорад!
Мабош андар сари хоне, ки талх аст хурданихояш,
Бишин андар сари хоне, ки пур шахду шаккар дорад!
Чавонихо макун сарф аз паи дилдори бепарво,
Чавони меравад як руз, ки пои дар сафар дорад!
Машин дар чоррохи ноумедихо, зи чо бархез,
Сафар суи уммеде кун, ки умри ту гузар дорад!
Лабиринт аст ин дунё, рахе сарбаста, рохе боз,
Мабош андар сари як рох, хазорон рахгузар дорад!
Фидои он, ки у бишкаста аз хар гам намегардад,
Сараш болову фардоро ба уммеде назар дорад.
Бинозам аз дили Шайдо, ки пурмехр асту бе кин аст,
Хамеша ошики ёр асту сидкашро ба бар дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев