Предыдущая публикация
кардаму рафтам, Афсонаи
ҳиҷрони ту сар кардаму
рафтам.
Дар шоми ғамангези видоъ аз
садафи чашм, Домони туро
ғарқи гуҳар кардаму рафтам.
Чун бод барошуфтаму гулҳои
чаманро
Бо ёди рухат зеру забар
кардаму рафтам.
Ай соҳили уммед, пайи васли
ту чун мавҷ,
Дар баҳри ғамат сина сипар
кардаму рафтам.
Чун шамъ ба болини хаёлат
шаби худро
Бо сӯзи дилу ашки саҳар
кардаму рафтам.
Чун мурғи шабоҳанг ҳама
халқи ҷаҳонро
Аз рози дили хеш хабар
кардаму рафтам.
Чун шамъ ҳадиси ғами дил
гуфтаму хуфтам, Пироҳане аз
ашк ба бар кардаму рафтам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев