Осмоно, войи мо, борон зи мо дорӣ дареғ,
Дар шаби зулмат маҳи тобон зи мо дорӣ дареғ.
Кӯдакон аз гӯшнагӣ аз пои рафтан мондаанд,
Луқмае ноне доштем, ту он зи мо дорӣ дареғ,
Баҳри озодии дил бо сад умед бастем камар,
Дар масофи зиндагӣ майдон зи мо дорӣ дареғ.
Оташе дар мулки мо афтод хушку тар бисӯхт,
Раҳму шафқатро чаро ин сон зи мо дорӣ дареғ.
Байни миллат солҳо буд иттиҳоду эътимод,
Чашми бад оё фитод, сомон зи мо дорӣ дареғ.
Дардманду мустаманду хаставу озурдаем,
Чун кунем бо дардҳо, дардмон зи мо дорӣ дареғ.
Дигарон дар мулки худ бунёди ҷаннат кардаанд,
Лутфи худ, ҷуду карам, эҳсон зи мо дорӣ дареғ.
Он қадар ҳарфам парешон аст, худо бахшоядам,
Чанд гӯям ину он, имон зи мо дорӣ дареғ.
Илму фарҳанги замон, Сардор то кайҳон расид,
Чӣ хато сар зад зи мо, ирфон зи мо дорӣ дареғ
Рӯшон, 1995.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев