Умрест дар талоши ҳақиқат ҳамедавам.
Бутхонаеву масҷиду дайре зи ман намонд,
Ҳар ҷо ки сар ҳамезадам иблис ситода буд,
Ҳушам ба тан намонд.
Арбоби бо салобату махдуми бовиқор,
Дар дафтари сиёсату меҳробу додгоҳ,
Дар ҳар куҷо, бӯи зар аст, ӯст пушти кор,
Сад фитна дар нигоҳ.
Имону дину хулқу хавосаш дурӯягист,
Сӯзе дар оби дидаву меҳре ба ханда нест,
Пиндори ӯ дигар бувад гуфтори ӯ дигар,
Рафтори ӯ якест.
Ин чархи кӯҳна бори ҳақиқат намекашад,
Дар ҳар рагеву ҳар пайе шайтон давидааст.
Гӯё, ки нофи банни башарро ба туфлият,
Шайтон буридааст.
Дар ҷустуҷӯи роҳи ҳақ аз по фитодаам,
Иблис ханда мезанад бар ҳоли зори ман.
Ин ҷуръаташ зи кист, ки фармон намебарад,
Парвардигори ман!?
Лондон, 1998.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1