Шеъри шоир давлати подори ӯст,
Вориси ӯ дафтари ашъори ӯст,
Боғи Фирдавс олами афкори ӯст,
Мазҳаби ӯ давлати бедори ӯст.
Шеъру шоир мӯъҷизоти хилқатанд,
Шоирон ҳам доъиёни миллатанд.
Гарчи умре зери бори зиллатанд,
Гавҳари ноёбу нақди давлатанд.
Асли мазҳаб хулқу атвори худост,
Сунъи мазҳаб мактаби такмили мост,
Азми пайғамбар бувад ахлоқи нек,
Ин ҳадис аз қавлу қоли Мустафост.
Он худо, ки чӯби найро соз дод,
Ҳам набиро санъати эъҷоз дод.
Моли Қорун, давлати Маҳдуд чист?
Ҳар чи дод, бар Ҳофизи Шероз дод.
Он ки дорад шоиронро хору зор,
Тахту бахти ӯ намонад пойдор.
Шоирӣ ҳам бар масал пайғамбарист,
Ақлро ҷон аст ваҳйи кирдугор.
Шеър бошад парчами шаъну шараф,
Ҷуз ҳамин аз шеър кай бошад ҳадаф.
Дар масофи ҳодисоти хайру шарр,
Ҳайфи шоир, гар бимонад бетараф.
Рӯшон, 1996.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев