дар пасманзари розрезие, ки дар ҳар кишваре дигар боисӣ заминларзаи сиёсӣ мегашт…
Навори савтии тоҷикдухтаре аз Олмон, ки Лайло ном дошт, бароям таккондиҳанда буд. Вокуниши корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳшатбор.
Тамоми айбномаҳои келини Муҳиддин Кабирӣ - пешвои наҳзатиёнро канор бигзорем, ҳамин як айбномаи Лайло, ки шавҳари собиқаш Салим Кабириро барои таҷовуз айбдор кардааст, кофист, ки ин навор сархати расонаҳо мешуд. Аммо ҳам расонаҳо ва ҳам ҷомиъаи шаҳрвандӣ мӯҳри хомӯшӣ бар лаб заданд. Ман аз бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», ки ҷузъе аз шӯъбаи тарғиботи ТЭТ ҲНИТ аст ва расонаҳои худи наҳзатиён ҳарфе ба забон намеоварам. Гарчанде ҳам ину ҳам он худро мустақил меноманд.
Чанд соати аввал баъди пахши навор, ки тамошобинаш аз 50 000 гузашт, ҳатто як шарҳе пайдо нашуд: на зид ва на тарафдор. Бори нахуст дар Ютюб чунин ҳолатро мушоҳида кардам. Вокунишҳо ва шарҳҳои аввал дар яке аз барномаҳои ТЭ «Гурӯҳи 24» садо доданд ва дар зери он барнома пайдо шуданд, ки хулосаи асосияш чунин буд: «хайр, шавҳар занашро задааст, куҷост шавҳаре, ки занашро назада бошад?» Ва гӯшонаҳои мисли «ин духтар шояд гумоштаи ҳукумат бошад?» Ҳеч кас дар ин барнома дастзӯрӣ ва таҷовузи шавҳари собиқро маҳкум накард.
Баъди ин барнома сукут шикаст ва ҳуҷум ба Лайло оғоз ёфт. Дашному ҳақоратҳо ва таҳқиру таҳдидҳо дар зери навор мисли борони сел мерехтанд.
Барои лаҳзае тасаввур кардам, ки Лайлои танҳо - фарзанди ягонаи хонаводааш, ки падараш вафот кардааст ва модараш дар шаҳри Макка зиндагӣ мекунад, ин ҳамаро мехонад ва аз дилаш чиҳо мегузарад?! Худро тасалло медодам, ки духтаре, ки ба ивази 100 ҳазор доллар таслим нашуд, сукут наварзид ва бебокона аз саргузашти талхи худаш ҳикоят кард, тавони таҳаммули ин ҳама фишору бадгӯиҳоро ҳам дорад! Ононе, ки ба Лайло дарафтода буданд, итминон дорам, худро ба 100 доллар мефурӯшанд. Агар харидоре пайдо шавад.
Дар кишварҳои мутамаддин, аз ҷумла Олмон таҷовузи ҷинсӣ ҷинояти вазнин ҳисоб мешавад ва барои муҷрим то 10 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Ҳатто агар шавҳари қонунӣ бе ризоияти ҳамсараш бо ӯ секс кунад.
Секс дар ислом чӣ гуна таҷассум ёфтааст? Дар боби одоби заношӯӣ чиҳо омадааст? То ҷое дарёфтам, Ислом ба зан ва ҳамчунин ба ниёзҳои ҷинсии ӯ бетафовут набудааст ва бар он аст, ки зан низ аз робитаи ҷинсӣ ком бигирад.
Аммо бо ибораи «таҷовузи ҷинсӣ» дар адабиёти исломӣ вонахӯрдам. Танҳо ҷое хондам, ки ризоияти зан ба хоҳишҳои шаҳвонии шавҳар воҷиб аст, яъне ҳатмист. Зан хоҳад ё нахоҳад бояд чашмонашро бипӯшаду интизори интиҳои «тамом» гуфтани шавҳар бошад. Баҳонаи маъмулу машҳури «имшаб сарам дард мекунад» ин ҷо ба кор намеояд.
Ман ин чанд рӯз интизор будам, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамсафонаш ба ин навор вокунише нишон медиҳанд. Аммо бисёре аз онҳо инро як масъалаи хусусӣ мешумориданд. Бале, ҳарами хусусии ҳар шаҳрванд муқаддас аст. Аммо ҳар нафаре, ки сиёсатро интихоб кард, бояд бидонад, ки ӯ дигар ҳарами хусусӣ надорад. Аз бренди турсукаш (таҳпӯш) то рӯйихати дороиҳояш, аз вазъи саломатияш то тамғаи мошинашро бояд ҳама донанд.
Дар ҳамин рӯзҳои исёни Лайло як сомонаи бесомони наҳСатиҳо чанд барномае пахш кард, ки саросар ба айбдоркунии сарояндагон, вазирон ва дигар шахсони масъули ҳукумат бахшида шуда буд: кӣ ба кӣ секс кард, кадом бонуи овозхон маъшуқаи кист, шаб дар ҷогаҳи кӣ меҳмон буд?
Дар ин маврид ҳеч наҳСатие аз «ҳарами хусусӣ» намегуфт! Ҳеч кас намегуфт, ки он баранда, ки худаш ҳам мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст ва ин уқда домангири якумра ва маризии табобатнашавандааш шудааст, чӣ тавр аз Урупо истода, ба тахти хоби мансабдорони Тоҷикистон роҳ ёфтааст ва аз куҷо ин қадар чароғ пайдо кардааст, ки чеҳраҳои ошиқону маъшуқони баргузидаашро дар торикиҳо шинохтааст? Ё он ҳама дар рӯшноӣ …?! Ё НаҳСат чароғе ихтироъ кардааст, ки дар афсуну афсона аз «чароғи Аловуддин» ҳам пешгомтар аст?
Пардаҳоро бардорем, бонувони тоҷикро мардҳои тоҷик мехоҳанд ба ғуломони хомӯшу мутеъ табдил диҳанд. Дар бисёр рустову шаҳристонҳо баъди синфи 8 духтаронро аз мактабҳо мегиранд, барои таҳсил дар донишгоҳҳо иҷозат намедиҳанд. Ҳатто дар интихоби шавҳар - шахсе, ки бояд бо ӯ як умр зиндагӣ кунад, бонувон озод нестанд. Заноне, ки донишгоҳҳоро хатм кардаанд, мавриди шубҳа қарор мегиранд.
Оё зане, ки савод надорад, ғуломиро ба гардан гирифтааст, аз ҳуқуқи худ дифоъ намекунад, қаҳрамон мезояд ва қаҳрамон тарбия мекунад?!
…Лайлоҳоро бояд дастгирӣ кард.
Лайлоҳоро набояд танҳо гузошт!
Имрӯзҳо конфронси САҲА (ОБСЕ) дар Варшава оид ба ҳуқуқи инсон ҷавлонгаҳи ХОИНОНИ НАҲСАТӢ ВА ГУРӮҲИ 24 содиротӣ гаштааст. Ягон «шери нар» (ситоишномаи НАҲСАТИҲО ВА ГУРӮҲИ 24 дар васфи якдигар) пайдо мешавад, ки аз ҳуқуқи Лайло ҳарфе ба забон биёварад?!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев