бедор шуд, то намозашро дар
масҷид бихонад. Ҷома пўшида
роҳи масҷидро пеш гирифт,
аммо дар роҳ афтод ва
либосҳояш чиркину олуда
шуд. Ў аз ҷой бархоста, барои
ивази либос ба хона баргашт.
Либосҳояшро иваз кард ва
дубора сўйи масҷид роҳӣ шуд
ва боз дар ҳамон нуқта афтод.
Ў дубора бархоста барои
ивази либос ба хона баргашт.
Бори дигар либосҳояшро иваз
кард ва ба сўйи масҷид
шитофт. Дар роҳ бо марде, ки
чаро ғ дар даст дошт бархўрд
кард ва аз аҳволи ў пурсон
шуд. Мард гуфт: «Ман ду бор
афтидани шуморо дар ин роҳ
дидам, аз ин рў, чароғ
овардам, то роҳи туро равшан
кунам. Мард аз ў сипосгузорӣ
намуд. Ҳарду роҳашонро ба
тарафи масҷид идома доданд.
Вақте ба масҷид расиданд,
марди аввал аз марди чароғ
ба даст дархост кард, то ба
масҷид ворид шавад ва бо ў
намоз бихонад. Марди дуввум
аз даромадан ба масҷид
худдорӣ кард!!! Марди аввал
дархосташро боз такрор кард
ва дубора ҳамон ҷавобро
шунид! Марди аввал дар
тааҷҷуб афтод, аммо марди
дуввум ба тааҷҷуби ў хотима
бахшида гуфт: «Ман
шайтонам». Марди аввал бо
шунидани ин ҷавоб таконе
хўрд. Шайтон дар идома
тавзеҳ дод: Туро дар роҳ ман
пешпо додам, то монеи
омаданат ба масҷид шавам.
Аммо шумо боз ба масҷид
шитофтед ва ин каффораи
гуноҳони ту гашт. Дубора туро
пешпо додам, то аз савоби
ҷамоат маҳрум шавӣ, аммо бо
ҷиддияти бештаре аз пештар
ба сўйи масҷид шитофтӣ. Ба
хотири ин, Худованд гуноҳони
аҳлу оилаатро низ бахшид.
Ман тарсидам, ки агар як бори
дигар боиси пешпо хўрдани ту
бишавем, шояд Худованд
раҳмати бештаре ба ту намояд,
аз ин рў, то ба масҷид
овардани туро дар зери чаро ғ
ва эмин мондан аз ҳаргуна
пешпоиро беҳтар шуморидам.
Кори хайрерро , ки қасди
анҷомашро доред, анҷом
диҳед ва ба таъхир
наяндозед…
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев