Предыдущая публикация
Як ҷабр намуд лек дусад дарду бало дид.
Бовар ба ҳамон шахс намоем, ки чун дӯст,
Дарду аламу шодии моро бари мо дид.
Бо кори хато давр наронанд, ҳамеша,
Инро зи фалак пурс, ки сад марги хато дид.
Нокомии Маҷнун надиҳад бар ҳама кас ишқ,
Бас Қайс шаби васл ба подоши вафо дид.
Сарсонии имрӯз азизон абадӣ нест,
Ҳар дард, ки омад ба ҷаҳон рӯи даво дид.
Қонун агар аз ҷурми ту имрӯз назар баст,
Беғусса машав, ҷурми туро чашми Худо дид.
ҲАБИБУЛЛОИ ТУРОБИӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев