мисли ниҳол аст. Агар ӯ
тарбият нашавад,
бадфеъл гашта, миёни
алафҳои бегона
нопадид мегардад.
Вазифаи ҷонии падару
модар хушахлоқ тарбия
кардани фарзанд аст.
Яке аз равшанфикрони
ибтидои асри XX
Абдурауфи Фитрат
гуфта буд, ки фарзанди
хушахлоқ ин неъмати
Худованд аст. Тарбияи
нек омили бахту иқболи
инсон мебошад. Баъзе
паҳлӯҳои феълу атвор
ҳарчанд модарзод
бошад ҳам, дар бисёр
ҳолат он тавассути
тарбия шакл мегирад.
Аз Луқмони Ҳаким
пурсиданд? «Чаро ин
қадар бисёр ба писарат
насиҳат мегӯӣ?». ӯ дар
ҷавоб гуфт: «Насиҳати
пирон ба ҷавонон мисли
боғбонест, ки ниҳолро
ба воя мерасонад.
Боғбон шохҳои
номуносиби ниҳолро
бурида меистад.
Алафҳои бегонаро тоза
мекунад. Барои
пурқувват шудани
ниҳол тамоми
қувваташро сарф
месозад. Агар ин тавр
кунад, ниҳол хуб ба воя
мерасад. Чун дарахт ба
самар омад, мевааш
ширину шаккарин
мешавад. Агар шохҳои
зиёдатиро набуранд,
ниҳол тез баланд
мешаваду ҳосили хуб
намедиҳад. Ба боғбон аз
ин хел ниҳол кам фоида
мерасад». Пас бидонед,
ки фарзанд ҳам мисли
ниҳол аст. Агар ӯ
тарбият нашавад, ба
феълҳои бад мубтало
гашта, миёни алафҳои
бегона нобуд мешавад.
Вазифаи нахустини
падару модар тарбия
намудани фарзанди
хушахлоқ аст. Дар
тарбияи фарзанд
ниёконамон хеле
суханони пурқиммат
гуфтаанд. Донистани
онҳо ҳам барои падару
модар ва ҳам барои
ҷавононе, ки оянда худ
падару модар
мешаванд, хеле зарур
аст. Хислатҳои беҳтарин:
исломият, илм, диёнат,
қаноат, интизом,
виҷдон, ватандӯстӣ,
адолат, олиҳимматӣ,
муҳаббат, иффат, сабр,
ҳифзи лисон (нигоҳ
доштани забон аз
бадгӯиҳо), назари ибрат,
ихфои сир( махфӣ нигоҳ
доштани сир) . Ахлоқи
бад: ҳасад, тӯҳмат,
худтаърифкунӣ,
такаббур, хушомад,
рашк, дурӯғ, айёрӣ,
иғво, дурӯягию
мунофиқӣ кардан,
қасдгирӣ, нафспарастӣ,
бахилӣ, бадмастӣ,
бекорӣ, ҷаҳл, ғазаб,
ғайбат, пургӯӣ, лаққигӣ,
ҷаҳолат, ситам, мазоқ
кардан, қаллобӣ,
хунсардӣ, худбинӣ,
шаҳват, адоват,
ҳақорат, тамаъ, зулм,
нифоқ, хасисӣ, макр,
нодонӣ. Агар дар
тарбияи фарзанд
ҷиҳатҳои дар боло
зикршуда ба назар
гирифта шавад,
бешубҳа, фарзанд ба
падару модар шараф
меорад. Фарзанди рӯҳан
пурқуввату хушфеълу
атвор неъмати илоҳист.
Тарбияи ахлоқ омили
дастёбӣ ба бахту иқбол
мешавад. Аммо дар
аксар ҳолатҳо тарбия аз
синни хурдӣ дар инсон
шакл мегирад. Падару
модароне, ки аз овони
хурдӣ ба тарбияи кӯдак
аҳамият дода, барои
дар ӯ зиёд шудани
сифатҳои нек кӯшиш
мекунанд, албатта,
роҳати фарзандро
мебинанд. Дар миёни
халқ обрӯю иззаташон
баланд мегардад. Ҳар як
падару модаре, ки
мехоҳад
фарзандонашро инсони
комил ба воя расонад,
бояд ӯро эътиқодманд
тарбия кунад. Эътиқод
маънии васеъ дошта, ба
ягон дин, фан, ҳунар,
савдо ва эҷод пурра
дода шуданро ифода
мекунад. Эътиқод
инсонро кӯҳ барин
мустаҳкам, дарё барин
сероб, шири модар
барин ҳалол мекунад. Аз
ин рӯ падару модар
бояд ба тарбияи
эътиқоди фарзанд
эътибори хос диҳанд.
Алалхусус дар замони
мо иддае ҷавонон,
бинобар эътибор
надодани
волидайнашон ба
эътиқод , дину оини
хешро тарк намуда,
пайрави ҳар гуна дину
оин ва ҷараёнҳои
мухталиф мегарданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1