35-Дидани аҳли биҳишт Худовандро бидуни
иҳота ва кайфият ҳақ аст. Чи тавре, ки Ќуръон ин
ҳаќиќатро бозгў менамояд: «Он рўз рухсори
тоифае аз шоди ва сурур барафрўхта ва нуронист
ва чамоли ҲАҚ таъолоро мушоҳида менамоянд.»
Ќиёмат: 22-23
Тафсиру тавзеҳи руъяти мазкур бо ирода ва
илми Алоҳ таъоло бастаги дорад ва ҳар ривояти
саҳеҳе, ки дар ин маврид аз Расули Худо наќл
шуда, албатта бар гуфтор ва фаҳми он ҳазрат (с)
мавќуф мебошад (чизе аз кунҳ ва умќи ќазияи
мазкурро кашф наменамояд.)
Мазмуну мўҳтавои он ривоят ба ирода ва
хости он ҳазрат (с) мавќуф мебошад. ҳаргиз мо
дар ин ќазия бо таъвилоту гумонҳо ворид
намешавем, ва бо афкору орои хеш чизеро таъвил
ва тибќи ҳавову ҳаваси худ чизеро ҳадсу гумон
намезанем. 49
Зеро ки ҳаќиќатан, эмин ва солим намондааст
дар дин, магар касе, ки умри даќиќи динро ба
Худо ва Паёмбараш вогузор намояд ва
муштабаҳоти илмро ба донандаи он ҳавола кунад.
Шарҳ:
Мушоҳида намудани мўъминон бо чашмон
хеш Парвардигорашонро рўзи растохез бо
Ќуръони карим ва Аҳодиси набави собит
гардидааст, ҳамчуноне, ки ҳаќ таъоло мефармояд:
«Он рўз рухсори тоифае аз шоди ва сурур
барафрўхта ва нуронист ва чамоли ҳаќ таъолоро
мушоҳида менамоянд.» Ќиёмат: 22-23
Расули Худо (с) низ дар ин маврид фармуда:
“ҳамоно шумо Парвардгоратро хоҳед дид, чи
тавре, ки моҳи шаби чаҳордаҳро мебинед, ки дар
диданаш ҳеч шакку шубҳа намекунед.
Ва ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки зоти
Худовандиро иҳота карда, фаро грифта шавад, ки
Аллоҳ таъоло аз ин амр поку муназзаҳ аст, вале
мушоҳида кардан ба чашми ҳаќиќат сурат
мегирад, на ба чашми маънавии ќалб, балки
расидан ба дидори Ўст (Худованд) бузургтарин 50
неъматест, ки аҳли биҳишт ба он мушарраф
мегарданд.
Аҳодисе, ки дар ин боб аз паёмбар (с) ривоят
шуда, тибќи таъйидоти имомони бузурги Ислом
мутавотир ва саҳеҳу дуруст мебошад. Муроду
маќсуд аз оятҳо ва ҳадисҳо зоҳири онҳо буда, ба
умќу шигарфои он ҳеч касе роҳ ёфтан
наметавонад.
Хулосаи сухан ин ки ҳаќиќатан, мўъминон
рўзи ќииёмат Парвардигорашонро ошкоро
мебинанд ва мо тамоми аҳодис ва ривоятҳоеро, ки
дар ин маврид манќул шудаанд, тасдиќу бовар
мекунем ва хештанро бо таъвил кардани
ривоятҳои мазкур ба василаи афкоори ноќис ва
кўтоҳи худ хаста намекунем ва низ бо ҳавову
ҳаваси хеш дунболи ашёе намегардем, ки
мухолифи ҳаќиќати ривоятҳои мазкур бошанд.
Зеро, ки инсон ҳар гоҳ бихоҳад, ки дар дини
хеш аз инҳирофу гумроҳи солим бимонад, лозим
аст бар ў, ки ахбору ривоятҳои муракабро ба
Худо ва паёмбараш вогузор намояд ва чун амре аз
ин ќабил бар ў муштабаҳ ва мубҳам гардад,
марому маќсуди онро ба Холиќу Офаридгораш 51
вогузор намояд. Чи тавре, ки Аллоҳ таъоло
фармуда: «То он ки гурўҳе, ки дар дилашон майли
ботил аст аз паи муташобиҳ рафта ва имтиҳон
шаванд, то ба таъвили он дар дин роҳи шубҳа ва
фитнагари падид оранд, дар сурате, ки таъвили
онро касе чуз Худо надонад ва аҳли дониш гўянд,
мо ба ҳамон китоб гаравидем, ки ҳамон оятҳои
мўҳкам ва муташобиҳи Ќуръон аз чониби
Парвардигори мо омада ва бар ин дониш ва бар ин
маъно танҳо хирадмандони олим огоҳанд.» Оли
Имрон: 7
36- Ќадами Ислом собиту устувор намегардад,
магар бар асоси таслим ва фармонбардории
ќавомити Аллоҳ таъоло. Аз ин рў ҳар кас
фарогирии чизеро, ки донистанаш мамнуъ аст,
талаб намояд ва ба вогузоштани масоили хос ба
зоти Худованди фаҳму идрокаш ќаноат нанамояд,
ин амр ўро аз тавҳиди холис ва ноб, маърифати
соф ва аз имони саҳеҳу дуруст бозмедорад, ки дар
натича миёни куфр ва имон, тасдиќ ва тазкиб,
иќрор ва инкор мутараддид ва дудила шуда, ба
васвасаву шакку гумонҳо мубтало гашта, гумроҳ 52
мешавад, ки аз ў на мўъмини тасдиќкунанда бар
меояд ва на мункири такзибкунанда.
Шарҳ:
Бар ҳаќиќати Ислом собит ва устувор
намемонад, магар касе, ки бароои нузули Ќуръон
ва суннати набави сари таслим фуруд орад. Ва
онҳоро тасдиќ намуда итоат намояд, аз ин рў
ҳаргиз ба нусуси Ќуръон ва суннати набави бо
ҳавову ҳавас ва шакку шубҳа мухолифат
наварзида, онҳоро ба ќиёс ва раъйи хеш тафсиру
таъвил намекунад.
ҳаргоҳ инсон дар устуўи илме шавад, ки ба
даст оварданаш муҳол аст, чун умури ѓайби ки ба
Худованди бузург ва ќазову ҳикматаш таъаалуќ
дорад ва ҳамчунин фаҳму хиради ў (инсони
мазкур) ба вогузоркунии нусуси Ќуръон ва
суннати набави ба муроду маќсуди Худо ва
паёмбар (с) ќаноат ва иктифо нанамояд, бешак ў
бо ин амалаш хештанро аз идроки тавҳиди ҳаќиќи
ва ноб, маърифати софу беолоиш ва низ аз имони
саҳеҳ, ки бар асоси тасдиќу бовари ва итоату
фармонбардори устувор аст, маҳрум месозад.
Бинобар ин ў миёни тасдиќу такзиб ва имон 53
овардан ба ахбору нусуси шаръи ва инкоркунии
онҳо мутараддид гардида, дучори васвасаву
шубҳаҳо ва хаёлоту афкори фосид мешавад, дар
ҳоле, ки вай дар биёбони ҳайрат сарсону
саргардон гумроҳ мегардад. Аз ин рў, шахси
мазкур на мўъмини тасдиќкунандаи комилулимон
шумурда мешавад ва на кофири мункири мутлаќ.
Зеро, ки ҳаќиќати имон тасдиќу бовар кардан
ва таслиму вогузор, ҳатто дар умуре, чуин ҳикматаш
махфи буда, аќли башари ба кунҳи ҳаќиќаташ
расида, наметавонад, ки дар ин сурат ба хабару
фармудаи Худо ва расули ў иктифо менамоем.
37-Имон овардани аҳли Ислом ба дидани
чамоли Худованд саҳеҳу дуруст шумурда
намешавад, ки эшон руъяту дидори
Парвардигорро бо ваҳму гумони хеш тафсир
намуда, ё ба фаҳму идроки худ таъвил кунанд.
Зеро, ки таъвили руъят (ва таъвили ҳар маъно
ва сифате, ки ба рубубияти Худованд нисбат дода
мешавад) тарк намудани таъвил ва пойпанди ба
таолиими Худову расули ў мебошад, ки дину
ойини муслимин низ бар ин иътиќод устувор аст. 54
Ва ҳар касе, ки аз нафй (инкор) ва ташбиҳ дури
начўяд, дучори лаѓжшу иштибоҳ шуда, танзиҳи
зоти Илоҳиро ба о наовардааст. Зеро, ки
Парвардигорамон ба сифатҳои ваҳдоният ва ба
авсофи мазкура фардоният (ягона будан) мавсуф
буда, касе аз мардум дар авсофи мазкура шарику
ҳамроҳ нест.
Шарҳ:
Имони касе, ки дидори Аллоҳ таъолоро ба
фаҳму дарки хеш таъвил намуда бо ваҳму гумон
кўшиш намояд, кайфият ва чигунагии онро
бифаҳмад, саҳеҳ ба шумор намеравад, бинобар ин
шахси мазкур хатокор буда, ба руъяту дидори
Худованд имони ҳаќиќи наёвардааст.
Зеро, ки ҳаќиќату кайфияти руъятро уз Аллоҳ
таъоло касе намедонад ва ќазияи руъят ва дигар
масоили хос ба Офаридгор тафсиру таъвили
дурусташон ин аст, ки ин гуна масоилро ба ашёи
маъмули, ки мардум ба он шиносои доранд,
тафсир ва таклиф карда намешавад, балки маънои
саҳеҳашро бидуни кайфият бахшидан ба он
тасдиќ намуда, ба нусуси ахбори Худо ва расулаш
сари таслим ва фармонбардори фуруд меорем. 55
ҳамин аст дини саҳиҳе, ки Худованд
паёмбарашро ба он фиристода.
Бояд мусулмонон аз ин амри зерин парҳез
намоянд:
Якум : Инкор кардани сифоти Худо , ё таҳриф
намудани маънои ҳаќиќи ва маќсуди он.
Дуввум: Ташбиҳ намудани холиќ ба
махлуќоташ дар ашёе, ки ба зоти Худованд ва
афъолу кирдор ва номҳову сифоташ тааллуќ
дорад ва ин ду амр дар ояти зайл баён гардидааст:
«Нест монанди Ў чизе ва Ў шунавоову биност.»
Пас нисфи аввали оят нафй ва инкори ташбиҳ
буда, нисфи дуввуми оят сифоти Аллоҳ таъолоро
исбот менамояд, биинобар ин ояти мазкур танзеҳ
ва исботро дар худ чамъ намудааст.
Ва ҳар касе, ки аз ин ду амр (нафй ва ташбиҳ)
дури начўяд, дар аќидаи хеш дучори хатову
иштибоҳ гашта, танзиҳ ва таќдиси Худовандро, ки
вочиб аст, ба чой наовардааст. Танзиҳ, яъне
Аллоҳ таъолоро аз шарику анбоз ва мислу монанд
муназзаҳ дониста эътиќод кардан мебошад.
Зеро, ки Аллоҳ таъоло дар зоту афъолаш ва
асмову сифоташ, дар оофаринишу фармонравияш 56
ба тамоми сифотии ваҳдоният ва ягонаги мавсур
ва маъруф мебошад.
Чаро, ки бе шакку шубҳа Худованд яккаву
танҳо ва бениёзу беҳамто буда, касе аз
махлуќоташ дар зот, афъолу кирдор ва номҳову
сифоташ ба ў шабоҳат надорад.
38- Худованд аз ҳадду андоза ва ѓояту
фаромҳо ва аз аркону аъзо ва олоту асбоб
муназзаҳ ва пок аст ва самтҳои шашгона ўро чун
ашёи мавчуда дарбар нахоҳад гирифт.
Шарҳ:
Худованди бузугр аз ҳудуду марз ва интиҳову
фаромҳо муназзаҳу пок аст, аз ин рў барои Худо
ҳадду марзе вучуд надорад, ки ўро аз дигар ашё
чудо созад ва низ Ўро интиҳо ва фароме нест, ки
ба он мунтаҳи шавад.
Ин гуфта моънои онро надорад, ки ҳаќ таъоло
ба махлуќоташ мутассилу пайваста ва бо эшон
мутадохил ва ҳамроҳ аст, балки Худованд аз
махлуќоташ фосила ва тафовут дорад.
ҳамчунин Аллоҳ таъоло аз аъзову андом ва
олоту дастгоҳҳо, ки бандагон огоҳро барои чалби
манфиат ва дур сохтани зиён истифода 57
менамоянд, поку муназзаҳ мебошад. Худованд аз
тамоми ин ашё ва умур муназзаҳу пок аст.
Ин дар ҳолест, ки мо барои ҳақ таъоло номҳо
ва сифоти дар Ќуръон омадаро исбот намуда
тасдиќ мекунем, вале мегўем, ки ҳаќиќатан ин
асмову сифот маъноҳои ҳаќиќи доранд, ки бар он
далолат менамоянд ва маънову маҳфуми онҳоро
фаҳмида, ба тариќи шоиста ба зоти ҳаќ исбот
менамоем, локин аз кайфият ва чигунагии онҳо
чизе нахоҳем гуфт, зеро, ки ин амр ба илми Худо
бастаги дошта, касе онро намедонад.
Чи тавре, ки иҳатҳои шашгона Аллоҳ
таъолоро ба монанди дигар мавчудот иҳота
нахоҳад кард, балки Худованд аз ин амр
муназзаҳу пок аст.
Ин гуфта иҳат ва самтро барои Худо мутлаќо
инкор намекунад, балки бешак Аллоҳ таъоло дар
иҳати баланди ќарор дорад, вале маќсуд аз он
чи ки зикр шуд, ин аст, ки иҳатҳову самтҳо
ҳаргиз Худованро чун дигар махлуќот иҳота
намекунанд ва фаро намегиранд.
Кош мусанниф ин мусталаҳоти аҳли каломро
зикр намекард, агар чанде мо яќинан медонем, ки 58
ў бо ин истилоҳот гуфтаҳову таъвилоти Аҳли
каломро ќасд накардааст, зеро ки ў аз собит
кардани сифот, чун баланди, рў, даст ва ғайра
барои Худо ҳарф задааст.
Бинобар ин парҳез кардану тамоман дур
буданаш аз истилоҳоти каломї беҳтар буд, зеро
ки мусталаҳоти мазкур иҳтимоли ҳаќ ва ботилро
дорад ва мазҳаби аҳли суннат дар баробари
истилоҳоти мазкур ин аст, ки баъд аз тафсилу
барраси бар онҳо ҳукм менамоем, аз ин рў ба ин
гуфта, ки «Худованд аз ҳудуд ва маҳдудият ва
ғоёту фаромҳо муназзаҳ аст.»
Мавчудияти Аллоҳ таъолоро бидуни маҳдудият
ва иҳоташави ирода карда шавад, ки ин ќавл ҳаќ
ва дуруст мебошад ва агар бо чумлаи мазкур
чунин ќасд карда шавад, ки Худованд, на дар
ҳадди улув ва бартари ва на дар иҳати баланди
ва улув ќарор дорад, пас ин гуфта ботилу беасос
ба шумор меравад, зеро ки ин нафй ва инкор
намудани улув ва бартарии Аллоҳ таъолост бар
махлуќоташ.
Аз калимаҳои аъзо ва андомҳои дар матн
омада, агар сифоти Худованд, чун рў, дудаст ва ду 59
чашм, ки ба рўй ва андоми махлуќот шабоҳат
надошта бошад, ирода шавад, пас ин пиндошт
ҳаќу дуруст мебошад ва агар чунин ирода карда
шавад,ки барои Аллоҳ таъоло на рўй, на даст ва
чашм аст, пас ин пиндору ќавл ботил ва беасос
маҳсуб мешавад.
Агар бо ин гуфт ки Худовандро самтҳои
шашгона фаро намегирад ирода карда шавад, ҳаќ
таъоло на дар пеш аст ва на дар аќиб на дар боло
ва на дар пойин аст ва на дар рост ва чап, пас ин
тафсир ва бардошт сад дар сад ботил мебошад,
зеро ки ин сифати маъдум ва чизи нопайдост,
балки ин гуна сифоту тавсиф муҳол буда, боиси
куфри ошкор мегардад, чаро ки тафсиру
бардошти мазкур инкори ќавли Худо, балки
инкори вучуди зоти ҳаќ таъолост.
Ва агар бо чумлаи мазкур ирода карда шавад,
ки Худованд бидуни маҳдудият ва побанди дар
чизе мавчуд аст, пас ин тафсир ва бардошт ҳаќ ва
савоб мебошад ва Худо ба кунҳу умќи ҳаќоиќ огоҳ
аст.
Хулоса: ҳамоно рўзи ќиёмат Худовандро бо
чашмҳо дида мешавад. Дар ҳаќиќат мўъминон 60
бидуни иҳота ва фарогири чамоли ҳаќро
мушоҳида менамоянд, ки ин мазмуну мўҳтавои
тамоми ривоятҳо ва ахборест, ки дар ин замина
ворид шудааст.
Бар ҳар мусулмон лозиму зарур аст, ки аз
таъвил ва суханони аҳли таътил (мункироти
сифоти ҳаќиќии Худо) дури чўяд ва бидонад, ки
Аллоҳ таъоло аз ашёи ҳодис ва пайдошаванда, ва
аз шабоҳату монанди ба махлуќот пок ва муназзаҳ
мебошад.
Пурсишҳо:
1. ҳаќиќати руъяти Аллоҳ таъоло дар рўзи
ќиёмат чист?
2. Масъулият ва мавќеъи мусулмон дар
баробари нусус ва ривоятҳое, ки барои баёни
сифоти Худо ворид шудаанд, чист?
3. Манзур ва маќсуд аз ин ки Худовандро
самтҳои шашгона фаро нахоҳад гирифт, чист
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев