7.8.9
26- Ва Ў аз наќизу зид ва шабиҳу монанд
бартар ва пок аст.
27- Касе ќазо ва ҳукми Ўро рад карда
наметавонад ва ҳеч касе ҳукми Ўро ба аќиб
андохта наметавонад ва ҳеч касе бар амру
фармонаш чира намегардад. 36
ШАРҲ:
ҳамоно Худованд аз ин ки дар амру ҳукм ва
офариниш ва мулки ҳастиаш наќиз ва мухолиф
дошта бошад, пок ва муназзаҳ аст, инчунин дар
номҳо ва сифоти хеш шабиҳ ва анбоз надорад,
балки дар ҳаќиќат чизе монанди Ў нест. Худованд
мефармояд:
«Ба Худованд шабиҳу анбоз ќарор мадиҳед, дар
ҳоле, ки шумо инро медонед.» Баќара:22
ҳар гоҳ Аллоҳ таъоло кореро ҳукм фармояд,
ҳатман онро ичро менамояд ва чун манфиату
судеро аз мардум боздорад, агар ҳамаи мардум
чамъ шаванд барои чалби он манфиат чизе карда
наметавонанд ва чун ба касе зарару газанде
расондани шавад, ҳарчанд тамоми мардум чамъ
шаванд пеши роҳашро гирифтан наметавонанд.
Ва ҳар ваќте ҳукми кореро содир намояд , ҳатман
ҳукми Ў амали гардида, чизе онро ба таъхир
намеандозад. «Ва Худованд ҳукм менамояд, дар
ҳоле, ки касе ҳукми Ўро таъхир намеандозад»
Раъд: 41
Ва ҳар гоҳ кореро хоҳад, албатта ичро
мегардад, дар ҳоле, ки ҳеч кас пеши роҳашро 37
гирифта наметавонад, балкии амру фармони Ў
бар ҳама махлуќот нофиз ва муъассир мебошад.
«Ва Худованд бар амру фармони хеш чира
мебошад, вале бештари мардум инро намедонанд.»
Юсуф: 31
Хулоса: Аллоҳ таъоло аз зидду наќиз ва
шабиҳу анбоз пок ва муназзаҳ аст ва касе ќазову
хостаи Ўро рад ва ҳукмашро таъхир карда
наметавонад ва низ бар амру фармони Ў
чирадасти нахоҳад кард.
Пурсишҳо:
1 Зидду наќиз ва шабиҳу монанд чи маъно
дорад?
2 Оё чизе ќазову ҳукми Илоҳиро таърих
месозад?
Дарси ҳафтум.
28-Ба тамоми ашёи мазкур имон меорем ва
яќин мекунем, ки ҳамаи ин аз назди Худост.
29-Ва ҳамоно Муҳаммад бандаи писандида ва
паёмбари баргузида ва ихтиёркардаи Ўст. 38
Шарҳ:
Муҳаммад (с) яке аз машҳуртарин номҳои
бузург мебошад. Аз чиҳати дар баргирии ин исм
хислатҳои волои инсониро, соҳибашро баро
хислатҳо ситоишу тавсиф менамоянд. Ин исм
номи охирин паёмовари Илоҳист, ки аз
бузургтарин ва поктарин насаби араб ба дунё
омадааст.
Ўро Муҳаммад писари Абдуллоҳ ибни
Абдулмутталиб меномиданд.
Убудияту бандаги бузургтарин маќомҳо
барои инсон маҳсуб мегардад, чунон чи Аллоҳ
таъоло мефармояд:
«Пок ва муназзаҳ аст, Худое, ки дар (муборак)
шабе бандаи худ Муҳаммад (с)–ро аз
Масчидулҳаром ба Масчидул аќсо сайр дод.»
Исро:1
Дар ҳаќиќат Худованд Муҳаммад (с)-ро аз
беҳтарин махлуќоташ баргузида, бар ҳама
мардум фазилат ва бартариаш додааст ва бешак
ў паёмбари муқарраб ва баргузида аст, ки Аллоҳ
таъоло ўро барои охирин рисолат ва паёми хеш 39
нтихоб намуда,бузургтарин ва шарифтарин
китоби осмониро бар ў нозил сохтааст.
30-Ва ҳамоно ў (Муҳаммад) хотами паёмбарон
ва маҳбуби Парвардигори чаҳониён мебошад.
31-ҳама даъвои нубувват ва паёмбари баъд аз
ў (Муҳаммад) инҳирофу гумроҳи ва ҳавову ҳаваси
шайтонист.
ШАРҲ :
Муҳаммад (с) охирон паёмовари Илоҳи
мебошад. Чи тавре, ки ҳаќ таъоло фармуда:
«Нест Муҳаммад падари яке аз мардони шумо, ва
лекин ў Расули Худо ва хатмкунандаи паёмбарон
мебошад.» Аҳзоб:40
Ва ў (Муҳаммад) беҳтарини мардум аз рўи
хавфу тарси Худо парҳез гортарини эшон ба
шумор мерафт, чунон чи он ҳазрат(с) фармудаанд:
«Ман тарсандатарини шумо ба ҳудуд ва
аҳкоми Аллоҳ таъоло мебошам.»
Ва низ он ҳазрат (с) сарвари анбииё ва
паёмбарон мебошанд. Чи тавре, ки фармудаанд:
«Ман сарвари фарзандони одам мебошам ва аз ин
ҳеч фахру сарбаланди намекунам.» 40
ҳамчунин ў бузургтарин махлуќот ва маҳбуби
Парвардигори оламииён мебошад, ки Худованд
барои рисолати осмони баргузида, ба худ
муќарраб ва наздик гардонидааст. Расули Худо (с)
дар ин маврид чунин мефармоянд: «Худованд чи
тавре ки Иброҳим (с)-ро дўст гирифта буд, маро
низ дўсти худ ќарор додааст.»
ҳама иддиои нубувват ва паёмбари баъди
ҳазрати Муҳаммад (с) инҳироф ва гумроҳи маҳсуб
мегирад, бинобар ин касе, ки баъд аз Расули Худо
(с) бароии худ, ё барои дигарон даъвои
пайғамбари кунад, кофир мешавад. ҳамчунин
касе, ки ўро дар ин амр тасдиќ ва бовар намояд
кофир мегардад, балки ҳар касе, ки дар ин амр
шакку гумон намояд(ду дила шавад) низ кофир
мегардад .
Зеро, ки бандаи мўъмин чунин имон меоварад,
ки баъди Муҳаммад (с) ҳеч паёмбаре нест.
Оре, шояд баъд аз Расулии Худо (с) даъвогари
дурўғгў биёяд, ки ў иддаъоии паёмбари намояд ва
иҳтимолан баъзе корҳои ѓайри одди анчом диҳад
ва пайравоне низ дар атрофи хеш чамъ намояд,
вале ў ба дарозо накашида расво мегардад ва 41
кораш ба ҳеч чое намерасад.Зеро ки тамоми
касоне, ки баъди ҳазрати Муҳаммад(с)даъвои
нубувват ва паёмбари кардаанд, ба ҳамин
сарнавишт гирифтор шудаанд.
32- Ва ў (Муҳаммад) бо ҳаќиќат ва ҳидоят ва
нуру рўшнои ба сўи тамоми чинн ва мардум
фиристода шудааст.
Шарҳ:
Дар ҳаќиќат Расули Худо (с) бузургтарин
паёмбарон буда, рисолати ў ҳама инсу чиннро
дарбар мегирад. ҳама паёмбарони пеш аз ў фаќат
ба сўи ќавмҳои худ фиристода шуда будан, вале ў
ба сўи тамоми махлуќот, инсу чинн фиристода
шудааст.
Чи тавре, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
«Ва нафиристодем туро, магар аз рўи раҳмату
меҳрубони барои чаҳониён.»Анбиё: 107
ҳамчунин паёмбар (с) мегўяд: Ва паёмбарони
пеш аз ман фаќат ба сўи ќавмаш фиристода
мешуд, вале ман ба сўи тамоми мардум
фииристода шудам.
Воќиан, Аллоҳ таъоло ўро бо ҳаќиќат ва
фидоят ва фиристодааст: «Аллоҳ таъоло 42
паёмбараш (Муҳаммад)-ро бо ҳидоят ва дини ҳақ
фиристод, то ўро бар тамоми динҳо пирўз
гардонад, агар чанде кофирон аз ин кор нохуш
шаванд.» Саф: 9
Худованд ўро бо нуре, ки ба роҳи рост ҳидоят
менамояд, фиристодааст: Чи тавре ки Аллоҳ
таъоло мефармояд: «Дар ҳаќиќат аз тарафи Худо
бароятон нур ва китоби возиҳу равшан омадааст.»
Моида:15
Аз ин рў, Ќуръон ҳамон рушноиест, ки ба роҳи
рост ҳидояд ва раҳнамои мекунад ва инчунин нур
ва шифои дилҳо, мебошад.
Хулоса: Паёмбар ҳамон расули баргузидааст,
ки Худованд ўро ба сўи инсу чинн бо ҳидоят ва
дину ойини ҳақ фиристодааст ва ў охиирин
паёмбаронест, ки баъд аз ў ҳеч паёмбаре намеояд.
Пурсишҳо:
1 Оё Муҳаммад (с) ба сўи тамоми мардум
фиристода шудааст, ё фаќат ба сўи ќавми худ?
2 ҳар касе, ки баъди Расули Худо (с) барои
худ, ё барои дигарон даъвои паёмбари намояд чи
ҳукм дорад?43.
33-Ва ҳамоно Ќуръон каломи Худованд аст,
ба тарзи ќавлу гуфтор оғоз гардида ва бар
паёмбараш ба тариќи ваҳй нозил гардидаст ва
мўъминон ҳақ будуни Ќуръонро тасдиќ
намудаанд. ҳамчунин онҳо яќин кардаанд, ки
Ќуръон дар ҳаќиќат каломи Худо буда, мисли
сухани мардум офаридашуда нест. Бинобар ин ҳар
касе, ки онро шунида гумон кунад, ки каломи
башар аст, ҳаққо, ки кофир шудааст ва ҳамчунин
Худованд чунин инсонро мазаммату сарзаниш
намуда аз дўзах бим додаст, зеро ки ҳаќ таъоло
фармудааст: «Зуд аст, ки ўро (шахси
такзибкунанда)-ро ба дўзах медарорам.»
Пас, ваќте ки Худованд барои шахсе, ки ў
дар мавриди Ќуръон чунин гуфта: «ҳамоно
Ќуръон чуз ќавли башар чизе нест» бими
чаҳаннам додааст, дарёфтем ва яќини комил ҳосил
намудем, ки Ќуръон каломи Холиќи башар буда,
ба ќавлу гуфтори одамон шабоҳате надорад.
Шарҳ:
Ќуръон дар ҳаќиќат каломи Худованд буда,
аз ў сарчашма гирифта аст.Намедонем , ки чи 44
гуна Аллоҳ таъоло ба он ҳарф зада, вале Ќуръон
ҳаќиќати каломи Ўст.
Калом ва сухангуфтан яке аз сифоти камол
ва азамати ҳаќ таъоло аст ва наќизу муќобила он
ҳарф назадан сифати наќсу айб мебошад, ки
Худованди бузург аз он муназзаҳ ва пок аст.
Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва сухан гуфт Худо
ба Мўсо сухан гуфтане.» Нисо:164 Бинобар ин
калом, сифати Худо буда, ба кайфият ва тариќае,
ки ба камолу чалолаш шоиста бошад аз Ў
дармеояд ва ҳамчунин Ќуръон калому сухани
Аллоҳ таъолост, чи тавре ки ҳаќ таъоло фармуда:
«Ва агар яке аз мушрикин ба ту паноҳ орад,
пас ўро паноҳ бидеҳ, то каломи Худовандро
бишнавад. Сипас ўро ба маъво ва манзилаш
бирасон.» Тавба: 6
Маќсуд аз каломи Худо Ќуръони карим
мебошад, аз ин рў Ќуръон сухани ҳаќиќии Худо
буда, ба тариќи ваҳй онро бар паёмбараш
Муҳаммад (с) фурў фиристода ва бандагони
мўъмин вайҳи будани Ќуръонро тасдиќу бовар
намуда ва яќини комил ҳосил бинмудаанд, ки 45
(Ќуръон) воќеъан, сухани Худованд буда, махлуќ
ва офаридашуда намебошад.
Зеро ки сифатҳо ҳамеша чузъе аз зот ба ҳисоб
мераванд ва сифоти Аллоҳ таъоло чун зоти Ў
ќадим буда, махлуќ намебошанд, вале сухани
одамон мисли эшон пайдошаванда ва махлуќ
мебощад.
ҳар касе, ки чунин пиндорад, ки Ќуръон
сухани башар бошад ва одамон аст, пас ў кофир
ба шумор меравад ва дарр ҳаќиќат Худованд ўро
дохили оташи дўзах менамояд, чи тавре, ки
мефармояд:
«Ва гуфт (кофири саркаш) ин (Ќуръони
Муҳаммад) ба чуз сеҳр ва баёни сиҳрангез ҳеч
чизе нест. Ин оёт гуфтори башаре беш нест. Мо ин
мункир ва такзибкунандаи Ќуръонро ба кайфари
куфр ба оташи дўзах дарафканем.» Мудассир: 24-25
Бинобар ин ваќте ки мўъминон диданд, ки
Худованд мункири Ќуръонро ки гуфта ин гуфтори
башар аст ба оташи дўзах кайфар медиҳад,
дарёфтанд ва яќин намуданд ба ин ки ҳамоно
Ќуръон каломи Холиќи башар буда ва гуфтори
одамон ба ў шабоҳат ва монанди надорад, балки 46
ҳама сифоти Худованд аз сифотҳои махлуќоташ
фарќ дорад, чи тавре ки зоти Аллоҳ таъоло аз зоти
махлуќот ва офаридаҳояш тафовут дорад.
Хулоса: Ќуръон дар ҳаќиќат каломи Худованд
буда, махлуќ ва офаридашуда намебошад ва ҳар
касе ки пиндорад, ки ў (Ќуръон) гуфтори башар ва
одамон аст, бешак кофир мегардад.
Пурсишҳо:
1 Дар робита ба Ќуръон чи мегўед?
2 Касе, ки чунин пиндорад ки Ќуръон махлуќ
ва офаридашуда аст, чи ҳукм дорад?Дарси нуҳум.
34-Ва ҳар касе, ки Худовандро ба яке аз
маъони ва авсофи башар ва одамон васф намояд,
бешак кофир мегардад. Бинобар ин касеки ба ин
амр дида андузад, иибрат хоҳад гирифт ва аз ин
гуна аќвол ва гуфтори кофирон дури мечўяд ва
дармеёбад, ки дар ҳаќиќат Аллоҳ таъоло бо
сифатҳояш мисли башар ва одамон нест.
Шарҳ:
Кадом инсоне, ки Аллоҳ таъолоро ба маъони
ва авсофи одамон васф намуда, дар асмо ва 47
сифоташ ўро ба махлуќоташ ташбиҳ намояд
бешак шахси мазкур ба Худованд кофиир
гардидааст, зеро ки ҳаќ таъоло мефармояд: «Нест
чизе монанди Ў ва Ў шунаво ва биност.»
ҳар ваќте, ки инсон ба ин ҳаќиќат дида
андўхта, онро фаҳмида дарк намояд, бешак аз
кофир шудани шахсе, ў Худовандро ба
махлуќоташ ташбиҳ намояд ибрат хоҳад
гирифт.Зеро ки ў бояд аз ин амр панду ҳикмат
гириифта, аз такрор намудани сухани кофирон, ки
Аллоҳ таъоло эшонро ба оташи дўзах кайфар
хоҳад кард, парҳез менамояд ва ба зуди
дармеёбад, ки Худованд ба сифатҳо ва кайфият ва
ҳаќиќати маъонияшон ҳаргиз монанди башар ва
одамон нест.
Хулоса: Сифатҳои Худованд монанди
сифатҳои башар ва одамоон нест ва ҳар инсоне,
ки Аллоҳ таъолоро ба сифат ва авсофи башарият
васф намояд, ё ташбиҳ намояд, бешак ў кофир
мегардад.
Пурсишҳо:
1. Далели ин гуфта, ки сифоти Аллоҳ таъоло
монанди сифоти одамён намебошад, чист? 48
2. ҳукми касе, ки сиифоти Худовандро ба
сифатҳои одамон ташбиҳ намояд, чист.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев