18- Мардумро бо илми худ биёфарид.
19- Таќдиру сарнавишти онҳоро муайян намуд.
20- Ачалу муҳлати онҳоро муќаддар ва муайян
сохт.
21- Чизе ќабл аз офарниши эшон аз зоти Ў пинҳон
ва махфи намонда ва инчунин пеш аз офаридан
тамоми кору кирдоре, ки эшон анчом медиҳанд,
медонист.
Шарҳ:
ҳамоно Худованд мардумро офарида, дар
ҳоле, ки ба эшон доно ва огоҳ буд. Чи тавре, ки 27
мефармояд: «Оё он зоте, ки офаридааст,
намедонад ва Ў меҳрубон ва огоҳ аст». Мулк, 14
Бинобар ин илми Худованд ҳама чизро иҳота
намудааст, ҳамчуноне, ки мефармояд: «Он чизеро,
ки аз пешу аќиби онҳост, медонад ва касе бо илму
дониш ҳақиќати зоти Ўро намешиносад».Тоҳо 110
Илми Аллоҳ таъоло ба чизҳои гузашта ва
оянда ва чизе, ки рух надода, агар ба вуќўъ
меомад, чи гуна сурати ҳасти мегириф-ро фаро
мегирад.
«Чизе ба андозаи як зарра ва на хурдтар ва на
бузургтар аз он дар осмонҳо ва замин дар илми
Худованд пўшида нест, магар ин ки ҳама дар
китоби возиҳу ошкор сабт гардида», яъне чизе аз
Ў пўшида нест ва илми Ў куллиёт ва узъиётро
фаро гирифтааст.
ҳама чизро Худованд ба андоза офаридааст,
ҳамчуноне, ки мефармояд:
«Мо ҳама чизро ба андоза офаридем».Ќамар, 49
Аз ин рў хайру неки ва шарру бади ҳама
муќаддар мебошанд ва ҳама чиз ба андоза
офарида шуда. 28
Ин гуфта даъвову пиндори касонеро, ки
мегўянд, ки шарру бадиро Худованд
наофаридааст, рад менамояд. Аллоҳ таъоло барои
мардум муҳлату ваќт муайян намуда, ки аз он
заррае таъхир намекунад. «Пас ҳар ваќте, ки
ачалашро фаро расад соате таќдим ва таъхир
нахоҳад кард». Аъроф, 34
ҳаќиќатан, Худованд ҳама чизро пеш аз
офаридан медонист ва инчунин некбахтон ва
бадбахтон, некўкорон ва фосидонро ќабл аз
офариниш медонад ва чигуна ва дар кадом рўз
сар задани корҳоро аз эшон низ хоҳад донист. ҳеч
чизе аз кору кирдори мардум аз Ў пўшида нест.
Хулоса: ҳамоно Худованд мардумро ба илми
хеш офарида аст, ва таќдиру сарнавишти ҳар
чизро муайян кардааст.
Чизе аз махлуќоташ ва аз аъмолу кирдорашон
ќабл аз офариниш бар ў махфи ва пинҳон
намондааст.
Пурсишҳо:
1) Маънои ин чумла «ва таќдиру сарнавишти
онҳоро муайян кардааст» чи мебошад? 29
2) Оё Худованд аъмолу кирдори бандагонро пеш
аз офариданаш медонад?.
22- Онҳоро ба тоату фармонбардории хеш амр
намуда ва аз маъсияту саркашиаш наҳий кардааст.
23- Ва ҳама чиз ба таќдиру хости Худованд
чори мегардад ва иродаву хоҳиши Аллоҳ таъоло
ичро шуданист. Бандагон ҳеч иродаву хоҳиш
надоранд, магар он чиро ки Худованд барояшон
хоста бошад. Пас чизеро ки Худованд хоста, рух
медиҳад ва чизеро, ки нахоста воќеъ нахоҳад шуд.
Шарҳ:
Воќеан, Худованд мардумро бо итоату
фармонбардории худ амр намуда, савобу подоши
зиёде дар ивази он ваъда додааст. ҳамчунин
эшонро аз маъсияту саркаши наҳй карда, аз азоби
дарднок бимашон додааст. Чи тавре, ки Аллоҳ
таъоло фармуда: «Ва касе, ки аз Худо ва расулаш
итоат намояд, Аллоҳ таъоло ўро ба биҳиштҳое
дохил мекунад, ки зери онҳо чўйҳо равон аст дар
ҳоле, ки Ў дар он чо човидон ва абади мебошад ва
ин аст пирузии бузург ва касе, ки аз Худо ва 30
расули Ў саркаши намуда, марзҳои муайяншудаи
Ўро тачовуз намояд, ҳаќ аъоло Ўро ба оташе
дохил менамояд, ки дар он човидон месўзад ва
барои ўст азоби хоркунанда». Нисо, 12-14
Худованд баъди ҳарф заданаш аз халќу
офаринииш бе восита аз амр ва наҳй хабар
медихад, ки ин нукта бар он далолат менамояд, ки
Офаридгор дорои амр ва наҳй аст.
Чуноне, ки ҳаќ таъоло мефармояд: «Огоҳ
бошед, ки барои Худованд аст, амр ва наҳй»
Аъроф:54
ҳама чиз ба таќдир ва хоҳиши Аллоҳ таъоло
равон аст ва хеч чиз дар олами ҳасти бе иродаву
хоҳиши Ў сурат намегирад ва машияту иродаи Ў
таҳаќќуќпазир ва ичро шудани аст ва хеч гоҳ ба
таъхир ва таътил мувоиҳ намегардад, ки инро
иродаи кавни-ќадри меноманд ва маънову
мафҳуми он иборат аст, аз ин ки ҳар чизеро, ки
Худованд дар ин олам ирода намояд, хоҳ ў неки ва
бадибо шад, албатта ў таҳаќќуќ меёбад ва пайдо
мегардад. 31
Худованд мефармояд: «Касеро, ки Худо хоҳад
гумроҳ мекунад ва касеро, ки хоҳад бар роҳи рост
ќарор медиҳад. »Аъроф:39
«Ва агар Худованд мехост эшон даст ба
куштор намезаданд, вале Аллоҳ таъоло чизеро, ки
хоҳад анчом медиҳад.» Бакара:25
Иродаву хоҳиши бандагон ҳам аз машият ва
хоҳиши Илоҳи берун нест, чунон, ки Худованд
мефармояд: «Ва намехоҳед, магар он чиро, ки
Худованд, Парвардигори чаҳониён хоста бошад.»
Таквир: 29
Иродаи кавни аз иродаи шаръи фарќ дорад, ба
ин гуна, ки он аҳёнан таҳаќќуќ намеёбад. Зеро, ки
Худованд кореро дўст медорад ва ба вучуд
омаданашро намехоҳад.
Аҳёнан, кореро бад мебинад, вале рух додани
онро аз чиҳати ҳикмат ва сабабе мехоҳад, ки он
ҳикмату сабабро танхо ў медонад.
Чизеро, ки Худованд барои бандагонаш хоҳад
анчом меёбад ва ҳар чиро, ки барояшон нахоҳад
воќеъ намешавад, агар чанде ҳамаи бандагон
онро бихоҳанд. Ин амр хилофи гуфтаи ќадария
мебошад, ки эшон мегуянд, ки инсон маъсияту 32
гуноҳро ба хоҳиши худ ва бе таъсири иродаи
Илоҳи анчом медихад, яъне Худованд он
маъсиятро ирода накардааст, балки кунандаи он
фаќат инсон мебошад, ки ў маъсияти мазкурро
хоста, на Худо. ҳамин тавр ќадариён инсонро
иродакунандаи ашё бе иродаи Илоҳи ќарор
додаанд.
24- Касонеро, ки хоҳад ба фазлу раҳмати хеш
ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз гумроҳи нигоҳ
медорад ва касеро, ки хоҳад ба ҳукми одилонааш
гумроҳ сохта, ба хузлон ва хори гирифтор
месозад.
25- Ва ҳамаи бандагон дар иродаву хоҳиши
Худо миёни фазлу адолаташ мегарданд.
Шарҳ:
ҳамоно Худованд касеро, ки аз бандагонаш
хоҳад ба роҳи рост ҳидоят кардааст, аз куфру
гумроҳи ва гуноҳу маъсият ва аз осори зиёновари
он дар дунё ва охират ҳифз менамояд.Ба касе, ки
Аллоҳ таъоло ин неъматро лоиќу сазовор бинад,
пас ин фазлу раҳмати бекаронаи Илоҳи мебошад,
ки бояд банда Худовандро барои ин шукргузори
намояд. 34
Вале Мўътазила бар хилофи эшон мегўянд, ки
афъолу кирдори бандагон хоставу сохти дасти
худи онҳост.
«ҳамаи мардум дар машияту иродаи Илоҳи
миёни фазлу адли Худованд дар гардишанд ». Аз
ин рў, мебинем, ки баъзе аз эшон мўъмини
ҳидоятёфтаанд, ки албатта ин ҳам ба илму ҳикмат
ва фазлу раҳмати Худованд марбут аст ва баъзе
дигар гумроҳ ва сарсон ба куфру исён ва ин ҳам
таќозои ҳикмат ва адолати Аллоҳ таъоло
мебошад, бинобар ин касе аз идораву хоҳиши
Худованд заррае берун баромада наметавонад.
«Ва намехоҳед, чуз он чиро, ки Аллоҳ таъоло
Парвардигори чаҳониён хоста бошад.» Таквир, 29
Ногуфта намонад, ки инсони ҳидоят ёфта
аҳёнаи дар натичаи маъсият ва ѓафлат варзидан
Худованд ўро сазо дода, ба хузлон ва хори
меафканад ва сипас боз ба роҳи рост ҳидоят
менамояд, ё ин ки ўро ба залолату гумроҳии абади
гирифтор месозад. Худованд моро аз ин нигоҳ
дорад.
Хулоса: Худованд мардумро амр карда, ки аз
Ў итоат намоянд ва аз маъсияту саркашиаш наҳй 35
фармудааст. ҳама чиз ба ирода ва ҳукми
Худованд сурат мегирад. Иродаву хоҳиши
бандагон дар зери иродаи Аллоҳ таъолост ва Ў
касеро, ки хоҳад ҳидоят мекунад ва касеро, ки
хоҳад гумроҳ месозад ва касе аз иродаву хостаи Ў
хори шуда наметавонад.
Пурсишҳо:
1 Худованд ба чи кор амр намуда ва аз кадом
кор наҳй фармудааст?
2 Оё иродаи Иллоҳи хайр (неки) ва шар (бади)-
ро фаро мегирад?
3 Маънои ин чумла «Худованд касеро хоҳад ба
ҳукми одилонааш гумроҳ месозад»- ро бозгў ва
тафсир намоед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев