13- ҳамеша пеш аз офариниши мардум ба
сифати хеш муттасиф буда, офариниши онон чизе
бар сифаташ наафзуда. ҳамчуноне, ки бо сифаташ
азали ва ҳамеша будааст, ҳамин тавр бар он
сифатҳо абади ва човидон хоҳад монд.
14- Баъди офаридани махлуќот ва ба вучуд
овардани мардумон номҳои Холиќ (офаридгор) ва
Бори (эодкунанда)-ро касб накардааст.
Шаҳ:
Дар ҳаќиќат ҳар сифате аз сифоти Аллоҳ
таъоло пеш аз офаридани махлуќот дар азал
барояш собит ва пайдо буд ва тамоми сифатҳои
мазкур сифоти камол ва танзиҳи Ўст, ки набудани 22
сифати мазкур дар зоти ҳаќ таъоло наќс ва адами
камол маҳсуб мегардад. Маҳол аст, Аллоҳ таъоло
баъди наќс ва нопурраги сифоти камол ва
муназзаҳиятро касб карда бошад, ё ин ки баъди
офаридани мардум кадом сифате ба сифоташ
изофа гардида бошад, балки тамоми сифоти
мазкур дар азал ќабл аз офариниши ашё барои
зоти Ў собит ва мавчуд будааст.
ҳамчуноне, ки Худованди бузург бо
сифатҳояш азали аст, ки барои он сифот ибтидову
оѓоз вучуд надорад, ҳамин тавр ҳаќ таъоло бар
сифоти мазкур човид ва абади мебошад, ки онҳо
ҳеч гоҳ несту нобуд намешаванд, балки бо баќову
ҳастии мавсуф боќи хоҳанд монд.
Аллоҳ таъоло ќабл аз офаридани махлуќот
дорои номи Холиќ (офаридгор) буд ва ҳеч гоҳ
тавсифи Ў бо ин ном ба офариниши махлуќот
мавќуф набудааст.
ҳамчунин номи Бори (эчодкунанда)-ро баъди
ба вучуд овардани оламиён ба худ касб накарда,
балки Ў ќабл аз ибдоъ ва эчоди мавчудот Бори
буд. Аз ин рў номҳо ва сифоти Ў чун зоти покаш
ќадим (бе ибтидову оғоз) мебошад. Дар ин маврид 23
аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки он ҳазрат(с)
чунин хабар медиҳад:
«Худованди бузург ќисмату сарнавишти
махлуќоташро панчоҳ ҳазор сол пеш аз
офаридани осмонҳо ва замин муќаддар ва муайян
намудааст».
15- Маънои рубубият (Парвардигор) барояш
хос буда ва худ марбуб (офаридашуда) нест ва
ин чунин маънои холиќият (офаридгор) барояш
хос буда ва худ махлуќ намебошад.
16- ҳамчуноне, ки Ў ќабл аз дубора зинда
кардани мурдагон сазовори ин ном
(зиндакунанда) гаштааст, ҳамин тавр пеш аз
офаридани мардум сазовору мустаҳиќи ин ном
(Холиќ) буд.
17- Зеро, ки Ў бар ҳама чиз ќодиру тавоно
буда ва ҳама чиз ба сўи Ў ниёзманд мебошанд ва
ҳамаи корҳо бар зоти Ў саҳлу осон аст, ки ба чизе
муҳточу ниёзманд намегардад. «ҳеч чиз монанди
Ў нест ва Ў шунавову бино аст».
Шарҳ:
Дар ҳаќиќат Аллоҳ таъоло пеш аз офаридани
мардум ба тамоми маънои рубубият Парвардигор 24
мебошад. ҳамчунин Ў ќабл аз халќ намудани ашё
Холииќу офаридгор мебошад. Пас ин номҳо ва
маъони, ки ба Ў далолат мекунад, ҳамеша аз аввал
то охир хос ба зоти Бори таъоло ҳаст.
Бинобар ин ҳамчуноне, ки Худованд
мурдагонро баъди ҳаёту зиндагониашон ду бора
зинда мекунад, ҳамин тавр Ў онҳоро ќабл аз
сурати ҳасти гирифтан зинда карда, ба эшон ҳаёт
бахшида буд ва чуноне, ки ҳаќ таъоло баъд аз
офариниш мурдагонро ду бора халќ мекунад,
ҳамин тавр ў эшонро ќабл аз-ин офариниш халќ
бинмуда. Зеро, ки Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз
ќодиру тавоно аст, ҳар гоҳ чизеро хоҳад анчом
медиҳад ва чун нахост пайдо намегардад ва ин
иродаи ќавии ќадарист, ки чизе аз чорчубаи он
берун намебарояд ва ҳеч гоҳ чизе мухолифи он
сурат намегирад.
Тоифаи Мўътазила мегўяд: Аллоҳ таъоло бар
ҳамон чизе, ки дар доираи ќудрату тавонаш ҳаст,
ќодир мебошад, вале афъолу кирдори бандагон аз
доираи ќудраташ берун аст, бинобар ин Худованд
бар афъолу кирдори бандагонаш ќодир
намебошад. Ин эътиќоди Муътазила салб 25
намудани сифати камол аз Худованд мебошад,
зеро, ки Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз ќодиру
тавоност, чуноне Ў аз худ хабар дода мегўяд:
«Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз ќодир мебошад».
Баќара, 284
ҳамчунин ҳар чизе, ки дар ин чаҳон арзи ҳасти
мекунад, ҳама бо ирода ва хости Ўст ва бовару
тасдиќ намудани ин масъала аз муҳимтарин
шурути имон овардан ба рубубияти Аллоҳ таъоло
ба ҳисоб меравад.
ҳар чизе, ки дар ин олам аст, ҳама дар
мавчудият ва баќо ниёзманд ва мўҳточ ба Аллоҳ
таъоло мебошад ва ҳама корҳо дар назди ќудрат
ва нерўи Худованди саҳлу осон аст. Чи тавре, ки
ҳаќ таъоло мефармояд: «ҳамоно ин бар
Худованд осон аст». ҳадид: 22
Ва Ў ба касе ё ба чизе эҳтиёч надорад, балки
ҳама чиз дар ҳама ваќту замон ва мавзиъу макон
ба Аллоҳ таъоло мўҳточ ва ниёзманд мебошад.
Хулоса: Сифоти зотии Худованд ќадиму
азалианд ва сифоти феълиаш ќадиму-н-навъ
мебошанд. Агар чанде баъзе аз сифоти феъли
ќобили ҳудус ва пайдошави бошанд, вале онҳо бо 26
баќову пояндагии зоти Аллоҳ таъоло боќи ва
човидон мебошанд ва Худованд ќабл аз
офариниш дорои асмо ва сифоти хеш буд.
Пурсшҳо:
1 Оё маънои рубубияти Худованд ба вучуду
ҳастии марбубин (махлуќҳо) ниёз дорад?
2 Оё ќудрати Аллоҳ таъоло дар ҳама чиз
таъсир хоҳад кард?
3 Маънову маҳфуми ин оят (Нест чизе шабиҳи
Ў) чист?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев