5- Ќадим аст бе оғоз ва ҳамеша ҳаст бе интиҳо.
6- ҳалок нахоҳад шуд ва несту нопадид
нахоҳад гашт.
7- Ва ба чуз хостаи Ў чизе рўй намедиҳад.
Шарҳ:
Ќадим аз номҳоий Худованд ба шумор
намеравад. Мурод аз он ин аст, ки чизе зоти
ҳазрати Худовандиро сабќат накарда ва Ў ҳамеша
човидон ва бентиҳову фаром боќи хоҳад монд.
Ин айнан маҳфуми ояти зерин мебошад. Зеро, ки
маънои Аввал яъне пеш аз Ў чизе набуда ва Охир,
яъне баъди Ў чизе арзи ҳасти нахоҳад кард,
мебошад.
Расули Худо (с) ояти мазкурро чунин тафсир
намуда: Яъне ҳалок намешавад ва несту нобуд
нахоҳад шуд. Чунончи Худованд дар таъйиди ин
маъно фармуда:
«ҳар ки рўи замин аст дастхўши марг ва
фаност ва зиндаи абади зоти Худои мунъими бо
чалол ва азамат аст». Ар-раҳмон 26-27
Яъне Худованд ҳар чизеро ки ирода намояд,
ќодиру тавоно мебошад. 17
Чунончи Аллоҳ таъоло фармуда: «Вале
Худованд ҳар чизеро хоҳад мекунад». Бинобар ин
ҳар гоҳ Худованд кореро бихоҳад, анчомаш
медиҳад, агар чанде тамоми махлуќоташонро
нахоҳанд ва чун кореро нахоҳад, тамоми
махлуќоташ онро анчом дода наметавонанд. Ин
аст иродаи ќави ва ќадарии Аллоҳ таъоло.
Аз ин рў ҳар кори нек ё баде, ки дар ин олам
сар мезанад, ҳама ба ирода ва хости Ў сурат
мегирад ва иродаи ҳаргиз маѓлуб ва маҳкум
нахоҳад шуд. Чизеро, ки Ў бихоҳад, таҳаќќуќ
мепазирад ва чизеро, ки нахоҳад ба вуќуъ
намепайвандад.
8- Авҳому гумонҳо ба Ў намерасад ва фаҳму
хирадҳо ўро дарк нахоҳанд кард.
9- Касе аз мардум ба Ў шабиҳу монанд
намебошад.
10- Зиндааст, ҳаргиз нахоҳад мурд ва пояндаву
тадбиркунанда аст, ки ҳаргиз касолату хоб ўро
фаро нагирад.
Шарҳ:
ҳамоно касе аз мардум ба василаи илму
дониш ба Ў расида наметавонад. Чунон чи 18
Худованд фармуда «Касе ба илму дониш ба зоти ў
нахоҳад расид». Бинобар ин тахмину гумонҳо ва
тасаввуроту хаёлҳо ба ҳаќиќати зоти Худованд
нахоҳад расид ва касе ҳам кунҳу умќи зоташро
нахоҳад донист. ҳамчуноне, ки касе аз
махлуќоташ дар зоту ҳасти ва номҳову сифот ва
афъолу кирдораш ба Ў шабоҳат надорад ва Ў
зиндааст, ки ҳаргиз намемирад. «Ва бар он зоти
зиндае, ки ҳаргиз намемирад, таваккал ва эътимод
кун.»
Пояндаву идоракунандааст, ки ҳаргиз Ў
ҳолати пинак фаро нагирад, чи чои хоб рафтан ва
агар Ўро хоб фаро гирад, ҳароина тамоми
ќавонин ва низоми олам мутазалзил ва вайрон
мегардад.
ҳамаи ин нуктаҳо афкору эътиќоди тоифаи
муташаббиҳаро, ки Худовандро ба мухлуќоташ
ташбиҳ дода ва ба ин сабаб кофир гаштаанд, рад
менамояд.
11- Офаридгори бениёз ва рўзидиҳи
хастанашаванда аст.
12- Миронандаи бехавфу тарс ва
зиндакунандаи бемашаќќат ва хастаги мебошад. 19
Шарҳ:
ҳамоно Худованд мардумро ба ин хотир
наофарида, ки ба эшон дасти ниёзманди дароз
кунад, ё аз онон майли ҳамкори ва кўмак намояд,
балки онҳоро танҳо барои ибодату парастиши
зоти покаш офаридааст.
Читавре ки мефармояд: «Наофаридам чинн ва
инсонҳоро магар барои ин ки маро бипарастанд.»
Худованд ҳамаи махлуќоташро сарфи назар аз
ин ки инсон бошад, ё чинн, парранда бошад, ё
хазанда, мўъмин бошад, ё кофир ризќу рўзи дода,
хостаҳояшро бароварда месозад, дар ҳоле ки ин
амр чизе аз хазинаҳои мулкаш намекоҳад.
Ба дасти Аллоҳтаъолост калидҳои осмонҳову
замин ва Ў махлуќоташро дар соати
муќарраршуда бе ягон хавфу ҳарос мемиронад
«Худованд мемиронад одамонро чун маргашон
даррасад» Зумар, 42
«Аллоҳ таъоло аз корҳои анчомдодааш пурсида
нахоҳад шуд, вале эшон (мардум) мавриди пурсиш
ќарор мегиранд». Анбиё: 23
Ва Ў рўзи ќиёмат мурдагонро аз гурҳояшон
бармеангезад: «Кофирон чунин пиндоштанд, ки 20
ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигў, савганд ба
Парвардигорам, ҳароина барангехта мешавед,
сипас аз корҳои анчомдодаатон хабар дода
мешавед ва ин амр дар назди Худованд саҳлу осон
аст». Таѓобун,7
Аз ин рў бидуни машаќќат ва хастаги рўзи
растохез ҳамаи мардумро баъд аз маргашон бори
дуввум зинда хоҳад кард. Зеро бешакку шубҳа
зоте, ки замини мурдаро ба василаи об зинда
кард, бар зиндасозии мурдагон ќодиру тавоност
«ҳамчунин мебарорем мурдагонро шояд, ки шумо
панд бигиред». Аъроф, 57
ҳамчунин он зоте, ки нахустин бор офарида,
ќудрату тавони инро дорад, ки дубора онҳоро
зинда намояд ва ин ин кор дар назди Ў бисёр
саҳлу осон мебошад.Поку муназзаҳ аст Худованд
аз он чи кофирон мегўянд.
Хулоса: ҳаќиќатан, Худованд аввал ва охир
буда, ҳамеша зиндаву поянда аст. Чизеро ки хоҳад
аном медиҳад. ҳаќиќати зоти Ўро бо илму
дониш шинохтан имконпазир нест. ҳаргиз Ўро
пинак ва хоб намегирад. Аз корҳои анчом додааш 21
пурсида намешавад, вале мардум мавриди суол ва
пурсиш ќарор мегиранд.
Пурсишҳо:
1. Оё Ќадим аз номҳои Худованд аст?
2. «Ва чуз хостаи Ў чизе рўй намедиҳад» чи
маъно дорад?
3. Дар идораву тасмимгирии Худованд шарику
анбозе ҳаст?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев