Худованд гуфта: «Ќадим аст бе ибтидо», ки ҳаќ
таъоло дар Ќуръон худро чунин васф накарда,
балки он аз сохтаҳои аҳли калом аст.
Дуввум ќавли имом Таҳови: «Худованд аз
ҳудуд ва ғоёту аркон ва аъзову адот поку муназзаҳ
аст.», ки ин алфоз низ дар сарчашмаҳои шаръ
(Ќуръон ва ҳадис) на ба шакли мусбат ва на ба
сурати манфи наомада, балки онҳо бофтаву
сохтаи аҳли калом мебошанд ва беҳтар он аст, ки
дар тавсифу баёни зоти Худованд аз чорчубаи
алфози шаръи берун набароем.
Саввум: Баён кардани имом Таҳови мазмуни
имонро ба ин тариќа «Ба дурустие, ки имон
иќрори ба забон ва тасдиќ намудан ба дил аст».
Пас ў бо ин гуфта аъмолро аз мафҳуму калимаи
имон баровард, ки ин хилофи аќидаи тамоми
уламои гузашта мебошад, ки эшон пешвоён ва
бузургони чор мазҳаби аҳли суннат ва амоъат
буданд.
Худованд ҳар ду имоми бузург, Абучаъфари
Таҳови ва Абулиззи ҳанафиро маврида раҳмат ва
инояти хеш ќарор бидиҳад, зеро ки эшон хидмати арзандае барои суннати набави ва низ барои
аќидаи аҳли суннат ва чамоъат анчом доданд.
Воќеъан, кайҳо боз дар дилам шуру шавќи
зиёд пайдо шуд, ки китоби мазкурро шарҳи кўтоҳ
ва дилчасп намояд, то писанду ќабули толибони
навомўз гардад ва ҳамчунин тамоми мусалмонон
дар шинохтани аќидаи Ислом аз он истифода
намоянд.
Аз Аллоҳ таъоло масъалату хоҳиш дорам, ки
ҳамаи мусалмононро аз ин китоб баҳраманд созад
ва ин амалу кўшиши каминаро дар рўзи ҳашр
сабаби гароншавии тарозуи ҳасаноти ин бандаи
мискин бигардонад.
Омин ё рабба-л-ъоламин.8
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев