Молики Динор(р)гуфт:Ман сипохи(миршаб)будан ва шароб нушиданро дуст медоштам.Канизаке харидам ва бо у мухаббати зиёд доштам.Худованд аз у ба ман духтаре дод,ки хеле дуструяку мехрубон буд.Вакте дар наздам шароб мемондам,он духтарчаам омада чоми шаробро мерезонад,то ман нанушам.Вакте,ки духтарчаам ба дусолаги расид,аз дунё гузашт.Аз марги у хеле андухгин шудам.Боре шаби Барот (понздахуми мохи Шаъбон),ки бегохи чумъа буд,хобам бурд. Хоб дидам,ки хама ахли кубур аз кабрхо баромада,мардум чамъ шудаанд.Ман низ хамрохи онхо будам.Ногох садоеро шунида ба кафо нигаристам.Дидам,ки аждахори сиёхе бо чашмони сабз дахонашро кушода ба суи ман меояд.Ман аз тарс давидам.Дар холати хавфу харос муйсафеди нурониеро дидам,ки либоси сафед дар тан дошт.Ба у салом дода,гуфтам:Маро аз ин аждахор панохгохе дихед. У гуфт:Ман заиф хастам ва он аждахор хеле кави аст.Лекин шитоб кун,шояд Худованд туро начот дихад.Чун пештар рафтам,дар назарам нишонахои киёмат намоён шуд.Алангахои оташро дидам.Аз хавфи он аждахор кариб ба чохи оташин меафтодам.Садое баромад,ки «бозгард,ту аз ахли ин чо нести!»Ман ба кафо баргаштам,аждахор низ маро таъкиб мекард.Боз бо он муйсафеди нурони ру ба ру шуда гуфтам: «Аз ту панох хоста будам,чаро маро аз ин аждахор халос накарди?» Муйсафеди нурони ба гиря даромада гуфт:Охир ман заиф хастам ва зурам ба ин аждахор намерасад.Ту ба тарафи он кух харакат кун,аломатхои мусулмонон дар он тараф аст.Агар амонати ту хам бошад,шояд ки ба ту панох дихад.Ман ба суи он кух рафтам,ки дарвозахо дошт Дар руи хардарвоза пардае буд.Вакте ба суи кух давидам,аждахор хамоно маро таъкиб мекард.Чанд фаришта пардахоро боло карданду дарвозаро кушода гуфтанд: «Шояд ин мухточро хам ягон амонате бошд,ки уро аз душман начот бидихад». Чун дарвоза боз шуд кудакони зиёде баромаданд,ки мисли мохтоб руйхои дурахшон доштанд.Онхо ба тарафи аждахор наздик шуданд.Дар байни онхо духтарчаи фавтидаамро дидам.У маро дидан замон ба гиря даромада гуфт:Худоё,ин падарчонам аст. У дасти чапашро ба ман дароз карду аз дасти ростам гирифта ба боло кашид.Дасти ростамро ба суи аждахор дароз кард,ки аждахор ба кафо баргашт.Сипас духтарчаам дар багалам нишаста,даст дар ришам заду гуфт: «Оё наздик нашудааст бар ахли имон он вакт,ки дилхоямон аз хавфи Илохи битарсад ва ба дини Илохи тобеъ шавад?» Бо шунидани ин оят ба гиря даромада гуфтам:Эй духтарам,ту Куръонро медони? У гуфт:Бале!Эй падарчон,Куръонро аз шумо хубтар медонам.Аз у пурсидам:Чи буд он аждахоре,ки касди халокати маро дошт?Духтарам гуфт:Он аждахор амалхои баду гуноххои шумо буд,ки онро кави карда будед.У таъкиб карда мехост,ки шуморо дар чохи оташин(дузах)гарк созад.Боз пурсидам,ки он муйсафед ки буд?Духтарам гуфт:Он мӯйсафеди нурони амалхои солехи шумо буд,ки уро заиф сохта будед.Аз ин ру куввати дафъ намудани амалхои бадатонро надошт
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев