хамсарашро аз
даст дода буд, духтари се
солаашро хеле дуст медошт.
Духтарак ба бемории сахте
мубтало шуд. Падар ба ҳар
даре зад то кудак
саломатиашро дубора ба даст
биёварад, ҳар чи пулу мол
дошт барои дармони у харч
кард, вале бемори чони
духтаракро гирифт ва у мурд.
Падар дари хонаашро басту
гушанишин шуд. Бо ҳеч кас
суҳбат намекард ва ба кор
намерафт. Дустону ошноёнаш
хеле саъй караданд, то уро ба
зиндагии одди бар гардонанд,
вале муваффақ нашуданд.
Шабе падар хоби ачибе дид.
Дид, ки дар биҳишт ҳасту як
қатори муназзаме аз
фариштагони кучак дар
роҳҳои тиллои ба суи касри
мучаллале дар ҳаракат
ҳастанд. Ҳар фаришта шамъе
дар даст дошт ва шамъи
ҳамаи фариштагон ба чуз яке
аз онҳо равшан буд. Мард
вақте пештар рафт, дид
фариштае, ки шамъаш хомуш
аст ҳамон духтари худаш ҳаст.
Падар фариштаи ғамгинро дар
оғуш гирифту уро навозиш
дода аз у пурсид: дилбандам,
чаро ғамгини? Барои чи
шамъи ту хомуш аст? Духтарак
ба падараш гуфт: падарчон,
ҳар вақт шамъи ман равшан
мешавад, ашкҳои ту онро
хомуш мекунад ва ҳар вақт
дилтанг мешави, ман ҳам
ғамгин мешавам. Падар дар
ҳоле, ки ашкаш дар
чашмонаш ҳалқа зада буд, аз
хоб париду бедор шуд.
Ашкҳояшро пок кард,
гушанишиниро раҳо карду ба
зиндагии оддии хуб боз гашт...
Бале, воқеан мусибати
чигаргуша ё ҳар азизи инсон
сангин аст, аммо танҳо илочи
ин дард сабр аст. Ин суннати
илоҳи аст, гузаштагон
рафтанд, мо ҳам меравем ва
ояндагон ҳам мераванд. Дар
баробари иродаи Худованди
худ бояд фақат таслим буду ба
доду гирифташ шукру сабр
кард, он вақт зиндаги роҳи
воқеии худро пайдо мекунад.
Худоё!!! Моро дар баробари
неъматҳое ки бароямон ато
мекуни сабр кардан ва дар
баробари неъматҳое, ки
мегири низ сабр карданро
насиб фармо. Худоё! Моро аз
гуруҳи собирон ва шокиронат
бигардон... омин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев