Писарбачае аз деҳае мегузашту хеле ташнаву гурусна шуда буд ва гуруснагӣ маҷбур мекунаду ӯ як дареро мекӯбад.Зане мебарояд ва мепурсад,ки ӯ чи мехоҳад?
Мегӯяд,ки ташна аст ва як пиëла об мепурсад.
Зан ҳис мекунад,ки ӯ ба ғайри ташна будан гурусна ҳам ҳаст.Як пиëла шир ва хӯрдание медиҳад.
Аз байн якчанд сол мегузарад.Ҳамон зан пир гаштаву гирифтори беморӣ гашта буд.Бечора ба табибон муроҷиат мекунад.Табибон маслиҳат мекунанд ва табиби беҳтаринро барои ҷарроҳӣ даъват мекунанд.Ҷарроҳӣ хеле хуб мегузарад.
Зан баъди ҷарроҳӣ худро хуб ҳис мекардед,аммо акнун фикри пардохти музди ҷарроҳӣ азияташ медод,чун маблағи лозимаро надошт.Аз куҷо? чи тавр?
Аз профессор номае меояд ва зан онро бо тарс мекушояду мехонад,ки шояд маблағи ҷарроҳӣ навишта шуда бошаду чанд сум шудааст...
Дар нома чунин навишта шуда буд:
Музди ҷарроҳӣ як пиëла шир буд...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев