Қиссаи воқеи
Рӯзе ба ҷанозаи пиразане рафтам. Пеш аз хондани намози ҷаноза каме мавъиза кардам. Дар сафи аввал рӯи курсие мӯйсафеде нишаста буд, ки аз ашк ришҳои сафедаш тар шуда буданд. Баъди адои намози ҷаноза назди эшон рафта салом дода гуфтам:
- Падар Худо сабр диҳад. Медонам ҷудои аз ҳамсаре, ки 50-60 сол якҷоя будед мушкил аст. Ҷудои мушкил аст. - дасти маро маҳкам фишурда ба китфам зада ишора карданд, ки исто бо ту гап дорам. Баъди анҷоми ҷаноза наздашон рафтам. Ҳама аз хона баромада рафтанд якто ман мондам. Гуфтанд:
- Писарам, аз ту як хоҳиш дорам. Мехоҳам хатми Қуръонро барои кампирам худат бихонӣ.
- Хуб шудааст падар, фақат шумо худатонро ба даст гиред.
- Бачам манам синну солам баҷое расидааст. Аз паси кампирам имрӯз ё фардо ман ҳам меравам. Боиси гиряи ман ин нест, тақдири Илоҳи чунин будааст. Ман аз матонат, муҳаббат ва садоқати занам гиря мекунам. Зиёда аз сӣ сол мешавад, ки дар поям касалие ҳаст, ки агар онро молиш накунӣ маро хоб намебарад. Дар ҳамин муддат зани ман ягон шабе ба ягонҷо сафар накарда ва шабонгаҳ дар дигар ҷой хуфта маро танҳо нагузоштааст. Зеро медонист, ки агар пои маро молиш накунад маро хоб намебарад. Ҳамин шабе, ки занам аз дунё рафт. Фишори хуни занам баланд гардиду шифокорон омада, табобат карданд. Духтурон гуфтанд "шуморо бояд ба беморхона барем" , аммо занам рози нашуд ва муолиҷаашро дар хона карданд. Занамро хоб бурд. Ҳамин поямро худам мемолидам, ки занам аз хоб бедор шуд. Ба замин хазида хазида ба наздам омада поямро молиш кард. Гуфтам, модараш ба ту ҷунбидан мумкин нест, худат беморӣ. "Падараш монед ҳамин одатамро тарк накунам. Ман қасд кардаам, ки барои ризогии Оллоҳ то охири умрам ба шумо хизмат кунам. Ман аҳволамро нағз ҳис мекунам. Шумо бемалол дам гиред" гуфта ҷавоб дод. Ӯ поямро молиш кард, маро бошад чун ҳамешагӣ хоб рабудааст. Баъди чанд вақт бедор шуда бинам, завҷаам поямро молида болои поям хобаш бурдааст. "Модараш ҳамин ҷой хобат бурдааст. Ҷоят гузашта хоб накардӣ?" гуфта, сарашро бардорам, занам ҳамин рӯӣ поям ҷон дода будааст.
Ин аст садоқати як зан нисбат ба шавҳараш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев