Пирамарде, ки шуғлаш чупонӣ буд нақл мекард:
Гурге дар оғили гӯсфандони мо се чор бача зоида буд ва дар рӯзҳои аввал ба таври пинҳонӣ рафту омад дошт ва ба бачаҳояш ғизо меовард ва чун осибе ба гӯсфандон намерасонд ва ба хотири майда будани бачаҳояш ба ӯ раҳм кардем ва ӯро аз оғил берун накардем, вале комилан ӯро зери назар доштам.
Ин модда гург ба шикор мерафт ва ҳамеша мурғ, харгӯш ва барра шикор мекард ва барои худ ва бачаҳояш меовард.
Аммо бо ин, ки рафту омади ӯ аз оғили гӯсфандони ман буд, ҳаргиз ба гӯсфандони ман зараре намерасонд. Ман ҳамеша гӯсфандон ва бачаҳояшонро мешуморидам ва комилан мувозиб будам.
Як рӯз, ки бачаҳои гург ҳам каме бузург шуда буданд, модда гург ба шикор рафт ва ҳангоми баргаштан дид, ки гургбачаҳо як баррачаро куштаанд. Ман сабр кардам, то бубинам, ки чӣ иттифоқе меафтад. Вақте модагург ин манзараро дид, ба бачаҳояш ҳамлавар шуд, онҳоро мегазид ва мезад ва бачаҳояш низ сару садо ва ҷеғ мезаданд ва пас аз он ҳодиса ва ҳамон рӯз онҳоро бардошт ва аз оғили мо рафт.
Рӯзи баъд, бо камоли тааҷҷуб дидем, гург як баррае шикор карда ва онро накушта ва зинда онро аз девори оғили гӯсфандон партофту рафт.
Ин як гург аст бо се хислат:
Даррандагӣ, ваҳшӣ будан ва бо ҳайвоният шинохта мешавад. Аммо мефаҳмад, ҳар гоҳ дохили зиндагии касе шуд ва касе ба ӯ паноҳ дод ва эҳсон кард ба ӯ хиёнат накунад ва агар зараре ба ӯ зад, ҷуброн намояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев