Муаллим ба бачаҳо гуфт:
- Як коғазро бигиред ва дар он оиди одами
далеру ҷасуртарин фикрҳои худро нависед.
Ҳар нафаре, ки ҷавоби беҳтаринро
менависад, баҳои панҷ мегузорам.
Яке аз хонандагон марди ҷасурро ғаввос
гуфт, ки ба зери уқёнус фурӯ меравад ва бо
моҳиҳо шино мекунад.
Хонандаи дигар навишт: «марди ҷасуртарин
онест, ки нисфи шаб танҳо ба қабристон
меравад».
Боз як хонанда навишт: «одаме, ки танҳо дар
мобайни ҷангалзор хона сохта, бо ҳайвонҳои
ваҳшӣ якҷоя зиндагӣ мекунад ва аз онҳо
наметарсад, ҷасур аст».
Ҳар як хонанда фикри худро менависад.
Вақте ки муаллим навиштаҳои онҳоро
мехонд, аз мутолиаи навиштаи як нафар
толиби дастонаш ларзида, дар чашмонаш
ашк ҳалқа зад. Бача навишта буд:
"Далертарин ва ҷасуртарин инсон онест, ки
бе ягон ҳиҷолат пеши падару модараш
меравад ва аз дастони онҳо мебӯсад… на аз
санги қабрашон…»
Ашк аз чашмони муаллим ҷорӣ шуда, зери
лаб гуфт:
- Афсӯс, ки ман ҳам одами далеру шуҷоъ
набудаам…(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев