омад.
Мард дид, ки кудакон хоб рафтаанд ва аз
зани худ пурсид:
- Оё кудакон намозхонданд?
Зан гуфт:
- Дар хона хурдани набуд, ман онҳоро
хобонидам то хоб раванд ва бо ҳамин як
рузи умрашон бигузарад.
Мард гуфт:
- Онҳоро бедор кун.
Зан ба шавҳари худ нигоҳ намуда гуфт:
- Эй Абу Исҳоқ, агар ман онҳоро бедор
кунам, аз гуруснагӣ гиря хоҳанд кард. Дар
хона чизе барои хурдан нест.
Мард бо ороми идома дод:
- Мо бояд ба кудакон амр диҳам, ки намоз
хонанд, онҳоро бедор кун. Худованд дар
китоби Қуръон мефармояд: "Ӯ ба Шумо амр
дод, ки намоз хонед, сабр нишон диҳед. Мо
аз Шумо фардо хурок намепурсем, оқибати
тақвоиятонро ба Шумо нишон хоҳем дод".
Зан таслим шуд ва кудаконро бедор кард.
Вақте кудакон намозро тамом карданд,
шахси бегонае дарро куфт.
Мард ба суи дар шитофт ва онро боз намуд.
Аз берун зану марди сарватманди бегона дар
дастҳояшон хурокҳои болаззат вориди хонаи
фақиронаи мард шуданд.
Марди сарватманд гуфт:
- Инро дар куҷо гузорам.
Марди фақир ба сарватманд нигарист гуфт:
- Шумо ин хурокҳоро барои чӣ овардед?
Марди бой анвои хурокаро ба руи дастурхон
гузошта гуфт:
- Чанд лаҳза пеш мо дастурхон оростем, то
хуроки Шуморо бихурем. Фарзандамон ба
сари дастурхон омад ва ин хурокаҳо дар руи
дастурхон буд пеш аз он ки хурокро хурад,
бо мо ҷанҷол кард ва қасам хурд, ки чизе
намехурад ба утоқаш рафт. Пас ман хурокро
гирифтам ва бо садои баланд гуфтам: онро
ба касе медиҳам, ки ба он ниёз дорад.
Аз хона ҳамроҳи ҳамсарам баромадем ва ба
Худо қасам моро пойҳоямон ба инҷо овард.
Намедонем чӣ қуввае моро ба сӯи хонаи
Шумо кашид...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев