Ривоят аст, ки муғулҳо баъди оне, ки
Бағдодро забт карданд, китобхонаи шаҳрро
оташ заданд. Таърихнигорон мегӯянд
китобхона дар муддати се моҳ шабу рӯз
месӯхт.
Подшоҳи муғул фармон дод, то беҳтарин
уламои шаҳр назди ӯ ояд, аммо касе аз
уламо аз хона берун намеомад, зеро онҳоро
сар берун кардан замон сарашонро аз
танашон ҷудо мекарданд.
Як олими ҷавон бархост ва шутуреро савор
шуд ва бузеро ҳамроҳ гирифту назди шоҳи
муғул омад. Шоҳи муғул сабаби омадани
ҷавонро шунида хандид ва гуфт:
- Оё дар шаҳр дигар олим набуд, ки
ҷавонеро назди мо фиристодаанд.
Аммо ин олими ҷавон худро гум накард ва
гуфт:
- Эй шоҳ! Агар ту бузурги хоҳӣ уштури маро
бигир. Агар риш бихоҳӣ - буз аз они туст.
Аммо агар илм мехоҳӣ ба ман муроҷиат кун.
Шоҳ чун ин сухан аз даҳони ҷавон бишнид,
фаҳмид, ки дар рӯ ба рӯяш олими бузурге
истодааст. Шоҳ гуфт:
- Модоме, ки чунин бошад суоли ман бу ту
ин аст. Сабаби чӣ буд, ки шумо мусалмонҳо
заиф шудед ва мо мамлакати шуморо забт
кардем?
Олим гуфт:
- Сабаби мамлакати моро забт кардани ту -
ин нофармоии мост. Мо ба суханҳо ва
насиҳатҳои Худо ва Расули У (с.а.в) амал
накардем. Аз ин рӯ Аллоҳ туро чун вабо
барои мо фиристод.
- Акнун чӣ касе метавонад маро аз ин
мамлакати шумо берун кунад?
- Мо метавонем. Ба он шарте, ки ислоҳ
шавем ва ба сӯӣ Худо боз гардем.
P/S: Худоё моро аз нофармоии худ нигаҳ дор
ва аз ҳар су ба сӯӣ худат боз бигардон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев