Ислом динест яктопараст ва пурнуру моло моли маърифат ва таъминкунандаи ахлоқи башарист. Маҳз илм, фарҳанг ва тамаддуни мо мардуми форс бо омадани дини Ислом рушд ва нуму ёфт. Фарҳанги мо бо арзишҳои Қуръонӣ тавъам шуданду дар якҷоягӣ як фарҳанг ва як меросро ташкил дода рушанкунандаи олами башарӣ гаштаанд. Бузургон ва мутафаккирони мо ашъори худро бо Қуръон зиннат дода ба башарият тақдим намуданд. Ислом ҷузъи ботинӣ ва ҷудо нашавандаи фарҳанги миллии мо гаштааст ва фарҳанги миллии мо бошад дар асоси ин нур бино ёфтааст ва мустаҳакам гардидааст ки ҷудоии ин ду хеле мушкил аст. Дурӣ ҷустан ё бегона сохтани худ аз фарҳанги исломӣ кори басо мушкил аст. Имрӯз мутаасифона ҳастанд касоне ки мехоҳанд ин ҳардуро ки муддати асрҳост тавъаманд ҷудо кунанд аммо наметавонанд чун Ислом ба забони мо ҳам таъсири калон гузоштааст ва фонди луғавии забони моро бой гардонидааст. Имрӯз анқариб 70% фисади калимаҳои забони тоҷикиро калимаҳои иқтибосии арабӣ ташкил медиҳанд ки аксари онҳо ҳам дар забони гуфтугуӣ ва ҳам дар забони илмӣ ва китобат истифода мешаванд. Бинобарин ин муқаддасоти миллатро ки ҷаҳонро дар ҳайрат овардааст аз ҳам ҷудо насозед ва кушишам накунед ки беҳуда аст. Ислом ва фарҳанги миллии форсӣ ё тоҷикӣ ё мероси гаронбаҳои бузургоне ки омехтагӣ аз Қуръон доранд ва башарият онҳоро мутолиа мекунад он шиносномаи мо ҳастанд дар арсаи ҷаҳонӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев