Яке аз неъматҳои бузурги Аллоҳ бо тамоми васоиташ шабакаҳои интернетӣ мебошад. Яне тамоми анвои манфиятро доранд. Барои хизмати инсон сохта шудаанд то ин ки муфид истифода кунан аммо мутаасифона баъзе аз бачаҳо ва духтарони имрӯз аз одноклас саркарда то фейсбуку вайберу ватсапу имо ва тамоми анвоъаш доран суҳбатҳои фаҳш суҳбатҳои аз чорчуби инсонӣ берун хусусан дар нимашабҳо анҷом миёбад. Алалхусус дар вайбер ва Одноклас ин фисқу фуҷур миёни ду кас якбор мутаваҷҷеҳ намешавад ки вайро Аллоҳ назора дорад ки бо неъмати ман чи кор анҷом мидиҳад мусбат ё манфӣ. О бародарон ин магар хиёнат дар ниъмати Аллоҳ нист?. Чаро онҳоро дар корҳои хуб ва муфид истифоа намекунем? Бояд аз онҳо илм омӯзем аз маълумотҳои дақиқ ва маводҳои тозза бархурор шавем то барои пешрафти мо коре шавад. Бар акси ин дар ҳамон давлатҳои аврупоӣ чунин тарз фоҳишагӣ бо шабакаҳо намекунанд онҳо дар роҳи илм истифода мекунанд инҳоро. Ҷавонони муслиҳ ва пок аз ҳисоби Одноклас палид мешаванд вақте бо духтар суҳбат кард миёни онҳо шайтон васваса кард ва онҳоро як ҳолати оҳсосотӣ фаро гирифт дигар тамом суханони онҳоро хондан инсонро тағир медиҳад. Бинобарин боз мигуям ки мо бояд васоили муфиди замонро дар корҳои хуб ва муфид истифоа кунем ва аз маъсит иҷтиноб, дурӣ ҷуем. Чун неъмат қадр нашуд он бар зиёни кори мо анҷом мишад.
(Мутаҳҳарӣ Ҳомиуллоҳ).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев