----------------------------
Ҷавонмарди саховатпеша, Фурқатҷони Раҳматзод,
Туро рӯзи таваллуд, эй бародарҷон, муборак бод.
Набинӣ дарду ғамро дар ду олам, марди бофарҳанг,
Чу бобою бибӣ бодо фузун умри ту, ҳам обод.
Бузургмарде бигардӣ, ҳамчунони Уктам Исмоил,
Вазиру ҳокиму варзишгари номӣ, чу ин аҷдод.
Чу бо дасти кушод астиву бо қалби сафед, эй дӯст,
Мудом ёрон ба некӣ ҳар куҷое мекунандат ёд.
На танҳо ман зи ободкории ту гашта хурсандам,
Ҳама дар таърифат аз он, ки доим мекунӣ бунёд.
Ба камдастон ҳаме бо ёриӣ, аз он чӣ медонам,
Ба корафтодагон бишнидаам, ки мекунӣ имдод.
Худоё, давлати бахшандагонатро намо афзӯн,
Қатори ин ҳама дӯсти маро, ки беҳтарин авлод.
Ҳамин Мақсудалӣ, дар рӯзи мавлуди ту мехоҳад,
Ки бошӣ доимо сарсабзу хандончеҳраву дилшод.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев