(rain)(rain)(rain)(rain)(rain)(rain)(rain)
ҚИССАИ "ИШҚИ ҲАҚИҚӢ"
Зану шавҳари ҷавоне савори дучарха (мотосикл) дар дили шаб сайр мекарданд.Онҳо аз самими қалб якдигарро дӯст медоштанд.
Зан:
- Каме оҳиста рон,ман метарсам.
Мард:
- На,интавр суръат хеле хуб аст.
Зан:
- Хоҳиш мекунам,ман хеле метарсам.
Мард:
- Хуб,аввал бигӯ,ки дӯстат медорам.
Зан:
- Дӯстат медорам.Акнун оҳиста мерони?
Мард:
- Маро маҳкам дор.
Зан:
- Хуб,акнун мешавад,ки оҳистатар ронӣ?
Мард:
- Хуб,ба шарте,ки кулоҳи муҳофизатиро аз сари ман гирифта ба сари худ гузори,маро озор медиҳад,наметавонам,ки бароҳат биронам...
Рӯзи баъд расонаҳо хабар доданд,ки як мотосикл бо дарахти канори роҳ бархӯрд
намуд,ки дар натиҷа аз ду сарнишини он,якеаш ҳалок шуд ва дигараш зинда
монд.Сабаби аслии ин ҳодиса канда шудани
тормози мотосикл будааст.Марди ҷавон аз
канда шудани тормоз огаҳ шуда буд,аммо бидуни инки занашро огоҳ кунад,коре
кард,ки кулоҳро ба сари ӯ гузорад ва калимаи дӯстат дорамро бори охир аз
забонаш шунавад.Ҳамин тариқ ҷони ҳамсари ҷавони худро наҷот доду худаш ҳалок шуд...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев